Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Консерти рэп ва брэк данс дар Душанбе


Сарояндагони рэп ғолибан дар мавзӯъҳои ишқ ва мушкилоти рӯзгори ҳамсолонашон месуруданд. Маъруфтарин сарояндаи рэпи тоҷикӣ, Фирӯз Эмомов мухаллас ба Доктор Эмфир мегӯяд, реп - ин сурудест, ки дар усули озод сароида мешавад ва ба дили ҷавонон ба осонӣ роҳ меёбад.

«Ман хеле хурсандам, ки ҷавонон мустақилона ин консертро таъсис додаанд. Ман ҳоло сурудҳои нав эҷод мекунам ва ғолибан мавзӯъи сурудҳои маро мушкилоти зиндагии ҷавонони тоҷик ташкил медиҳад.»

Барномаи гурӯҳҳои Крейзи Гайз, Бед Бойз ва Азия Крю қиёсан хубтар таҳия шуда раққосони ин гурӯҳҳо ҳаракатҳои гуногуни хавфнокро ба осонӣ иҷро мекарданд. Ҳаракатҳои ба монанди дар ҳаво чархидан, бо сар тоб хӯрдан, ҷаҳидану ба замин худро ҳавола додан хеле ҷолиб буданд. Парвиз, яке аз ин раққосон, ки насибаш қарсакҳои пурталотуми мухлисон гашта буд, гуфт:

«Мо ба он хотир ин консертро баргузор кардем, ки ҳамсолони мо омада тамошо кунанд ва вақтро беҳуда нагузаронанд. Брекданс дар тамоми дунё паҳн шудааст ва мехоҳем, ки дар Тоҷикистон ҳам рушд кунад. Ин усули ман усули «Электро бугӣ» мебошад, яъне ҳаракатҳое, ки ҳангоми аз бадан барқ гузаштанро ифода мекунад. Ростӣ, ман интизор набудам, ки ин қадар тамошобин зиёд меояд ва моро дастгирӣ мекунанд.»

Дӯстмуҳаммад Холмуҳаммадов, раққоси дигар, ки ҳафт сол машқи рақси шикаст мекунад, мегӯяд, ин рақс як намуди варзиши вазнин ба шумор рафта аз ҳаракатҳои гуногуни варзишӣ иборат аст ва аз ин рӯ, ин рақс брэк данс, яъне рақси шикаста ном гирифтааст.

«Умуман, панҷ намуди варзиш ба брек данс дохил мешавад, шиноварӣ, гуштӣ, вазнбардорӣ, варзиши сабук ва бокс. Ин рақс дар санъат қурбонӣ аст, зеро хеле душвор ва вазнин мебошад.»

Парвиз, раққоси брэк данс мегӯяд, ҳарчанд раққосон зимни тамрини брек данс ҷароҳатҳои гуногун мебардоранд, аммо аз он дилканда наметавонад ва рӯз аз рӯз теъдоди ҷавонони хоҳишманд меафзудаст. Дар рафти ин консерт низ мушоҳида мешуд, ки мухлисони ашаддии ин намуди мусиқӣ ва рақс кам набудааст. Ҷавонони мухлис чун дар кишварҳои хориҷа ба либоспӯшии сарояндагони рэп ва брек дансерҳо тақлид мекарданд. Шимҳои ниҳоят васеъи ба замин овезон, рӯмолчаҳои дар сар баставу занҷираву мӯҳраҳои гуногуни бетартиб овезон мӯди ин ҷавонон гаштааст. Консерт то соати 11-и шаб идома ёфт ва то интиҳои он ҷавонон баробари раққосону сарояндагон мерақсиданд.
XS
SM
MD
LG