Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи махфигоҳи силоҳ дар Тавилдара


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки дар ноҳияи Тавилдара як махфигоҳи силоҳ ва муҳимоти ҷангиро кашф кардааст. Корманди дафтари матбуоти вазорат Муҳаммадуллоҳ Асадуллоев ба радиои Озодӣ гуфт, аз ин пинҳонгоҳ 54 мушаки замин ба замин, 18 тири мушакандози зидди танк, 3 ҳазор дона тири мусалсали Калашников ва дигар лавозимоти ҳарбӣ кашф шудааст. Ин манбаъ гуфт, ҷои махфигоҳ зимни дарёфти маълумоти марбута аз тарафи кормандони бахши мубориза зидди ҷинояткории муташаккилона муайян гардид. Дар робита ба ин махфигоҳ таҳқиқи ҷиноӣ оғоз ёфтааст. Кормандони вазорати корҳои дохилӣ тахмин мезананд, ки аслиҳаи мазкур аз давраи ҷанги Тоҷикистон дар солҳои 1992-1997 боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG