Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташвиши Русия аз афзоиши қочоқ дар Тоҷикистон


Хадамоти федералии назорат бар гардиши маводи мухаддири Русия мегӯяд, баъди ба ихтиёри марзбонони тоҷик гузаштани ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон қочоқи маводи мухаддир дар ин марз афзудааст. Василий Рогозин, муовини раҳбари ин хадамот дар шаҳри Маскав, ба хабарнигорон гуфт, агарчӣ то кунун мушаххас нашудааст, ки қочоқи маводи мухаддир ба воситаи марзи Тоҷикистону Афғонистон чанд дар сад афзоиш ёфтааст, аммо ба қавли ӯ "ин афзоиш чандинкарата" мебошад.
Намояндаи Русия гуфтааст, дар моҳҳои ахир талоши қочоқбарони маводи мухаддир барои интиқоли ин мавод ба Русия афзудааст. Василий Рогозин ҳамчунин гуфтааст, "ба марзбонони тоҷик барор мехоҳад, чун пас аз хуруҷи мутахассисони рус аз сарҳад кори онҳо чандон осон нест."
Моҳи гузашта дидбонии марзи Тоҷикистону Афғонистон пурра ба ихтиёри марзбонони тоҷик гузашт ва аз он вақт то ҳоло бори дуюм аст, намояндагони расмии Русия аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир дар ин марз изҳори ташвиш мекунанд.
XS
SM
MD
LG