Пайвандҳои дастрасӣ

Солгарди Ҳизби Демократи Тоҷикистон


Ҳизби демократҳои тоҷик натавонист афрод ва неруи ҷиддии ҷамъияти кишварро дар атрофи барномаи равшан муттаҳид кунад. Бар изофаи сабабҳои объективӣ аз тарафи дигар, ин ҳизб ақаллан 1 сол имконият надошт оромона ва бе моҷаро фаъолият кунад. Бо вуҷуди ин 15-солагии онро муборак мегӯям.
Субҳони Сайид

Бо он ки Ҳизби демократи Тоҷикистон 15-сола шуд, табрикоти самимиро ба аъзои он арза медорам ва аммо баъд дар ҳоли ҳозир ин ташкилоти сиёсӣ натавонистааст, аз худ шахсияти барҷастаеро, ба истиснои Аслиддини Соҳибназар, ки ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд, ба воя расонад. Сарвари собиқи ҳизб Шодмони Юсуф ҳоло дар Венаи Австрия ба сар мебарад ва зоҳиран зиндагии хуб дорад. Раҳбари феълии ҳизб, ҷаноби Искандаров дар маҳбас аст ва мурофиаи додгоҳии ӯ идома дорад. Дар ҳарду ҳолат ин ҳизб натавонист аз сарварони худ дифоъ кунад, оё он чи гуна метавонад, ормонҳои мардумсолории худро амалӣ намояд. Ба ҳар навъ 15 соли такопуй ва сарсонию саргардонӣ ва дигару дигар муборак!
Маҳмудзода

Хеле таассуфангез аст, ки Ҳизби демократи Тоҷикистон дар давоми 15 сол соҳиби сарвари бақуввати сиёсӣ шуда натавонист. Коре ки Искандаров дар мақоми раиси "Тоҷикгаз" ба анҷом расонид, аввалан обрӯи ҳизбро дар назди ҷонибдоронаш паст кард. Мебоист М. Искандаров монанди Р.Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар вақташ аз мақоми давлатӣ даст мекашид. Он вақт бурди сиёсӣ насиби ҳам ӯ ва ҳам Ҳизби демократ мегардид. Хеле афсӯс...
Аз мавҷудияти 15-солаи ҲДТ на мардуми Тоҷикистон ва на иқтисодиёт ва на маънавиёти тоҷикон боло нарафтааст. Фақат ҳарҷо-ҳарҷо бонги хатари Раҳматулло Валиевро шунидан мумкин аст, тамом. Аслан аз ҳар шаш ҳизби сиёсии Тоҷикистон ягонтоаш ба ғайр аз манфиати худ манфиати мардумро фикр намекунад. Аз ин рӯ онҳо дар байни мардум маҳбубият надоранд.
Ҳоло бояд Ҳизби демократ худашро дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон нишон диҳад. Ман ҳанӯз онҳоро табрик гуфта наметавонам. Ман фақат изҳори таассуф мекунам. Худо нигаҳбони ҳар яки мо бод!
Дабири Кабир,
ноҳияи Ашт


Ман ақидаи дигарҳоро дар бораи Ҳизби демократ хондам ва саволи ман ин аст, ки ба фикри шумо ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон сабаб нашуд, ки ин ҳизбҳо заъиф шаванд? Валекин боз фикр кардам, ки ҳамин ҳизби Зойиров ҳам таъсире надорад, дар ҳоле ки ин ҳизб дар давраи баъд аз ҷанг ташкил шуд. Шояд сабаб дар он аст, ки Ҳизби халқию демократӣ саҳнаро дар ихтиёр дорад ва ба аҳзоби дигар ҷои по намедиҳад.
Бо эҳтиром
Самадӣ
XS
SM
MD
LG