Пайвандҳои дастрасӣ

Сафинаи "Дисковери" дар Калифорниё фуруд омад


Киштии кайҳонгарди "Дисковери" бо муваффақият дар пойгоҳи низомии Эдвардс, дар аёлати Калифорниёи Иёлоти Муттаҳида фуруд омад. Хатарноктарин марҳилаи парвози он вуруд ба қишри атмосфераи замин буд, ки бе мушкил анҷом гирифт.
Бозгашти сафинаи "Дисковери", ки 14 рӯз дар парвоз буд, аз он сабаб таваҷҷӯҳи оламиёнро ба худ кашид, ки киштии пешина -- "Шаттл, дар фурсати вуруд ба атмосфераи замин 30 моҳ пеш оташ гирифт ва ҳамаи ҳафт сарнишини он ба ҳалокат расиданд. "Дисковери" қарор буд, рӯзи душанбеи гузашта дар Маркази парвозҳои Кеннедӣ, дар аёлати Флорида фуруд ояд, аммо бо сабаби бад будани обуҳаво он ба Калифорниё раҳманоӣ гашт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG