Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби Таҳрир дар интернет - кафеи Душанбе


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Нуралӣ Мирзоев, як сокини 25-солаи шаҳри Душанбе бо ҷурми узвият дар созмони мамнӯъи «Ҳизбуттаҳрир» хабар дод. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳангоми тафтиши яке аз марказҳои компутарӣ, ки Нуралӣ Мирзоев дар он ба ҳайси масъул фаъолият доштааст, 32 варақаи мансуб ба «Ҳизбуттаҳрир» кашфу мусодира шуд. Ҷаноби Асадуллоев афзуд, варақаҳои мусодирашудаи «Ҳизбуттаҳрир» мардуми кишварро барои сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва бунёди хилофати исломӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ даъват мекарданд. Ба гуфтаи ӯ, дар хотираи компютерҳои марказ низ нусхаҳои ин варақаҳо ёфт шудаанд. Айни ҳол, фаъолияти он маркази интернетӣ қатъ шудааст.Бар асоси иттилоъи додситонии кулли Тоҷикистон, шурӯъ аз соли равон 18 нафар бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯъи «Ҳизбуттаҳрир» ва ташвиқу тарғиби барномаҳои он боздошт шудаанд. Ба иттилои ҳамин манбаъ, дар панҷ соли ахир алайҳи 259 нафар, ки дар ҳамкорӣ бо «Ҳизби Таҳрир» айбдор дониста шуданд, парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст, ки 209 нафарашон ба мӯҳлатҳои гуногун, аз 8 то 12 соли зиндон маҳкум шудаанд. Дар ҳамин ҳол, кумитаи дини Тоҷикистон гуфтааст, адабиёти созмони «Ҳизбуттаҳрир» - хусусияти ифротгароёна дорад ва хилофи арзишҳои озодии инсон ва озодии эътиқод мебошад. Гуфтанист, фаъолияти созмони «Ҳизбуттаҳрир» дар Тоҷикистон моҳи апрели соли 2001 аз сӯйи вазорати адлияи кишвар манъ гардидааст.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG