Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳзоби мухолиф аз вазъи озодии баён нигаронӣ мекунанд


Мақомоти ҳизби халқӣ-демократии ҳоким дар Тоҷикистон нигаронии аҳзоби мухолиф дар мавриди ваҳим шудани вазъи озодии баён ва фишор болои матбуоти мустақил аз ҷониби мақомот дар остонаи интихоботро беасос медонанд. Се ташаккули сиёсии Тоҷикистон ба шумули ҳизби демократӣ, ҳизби сотсиал - демократӣ ва ҷиноҳи Мирҳусейн Назриев аз ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, зимни як баёния аз вазъи озодии баён ва фишори физоянда болои матбуот изҳори нигаронӣ кардаанд. Аммо Мӯсо Асозода, раиси дастгоҳи ҲХДТ мегӯяд, ҷое барои нигаронӣ дар ин замина вуҷуд надорад.
"Мегӯянд, ки дар типографияхо чоп намекунанд. Чаро рӯзномаи "Наҷот" аз чоп мебарояд, аз пушти ҳамин "Наҷот" наметавонанд ҳамин рӯзномаҳо низ нашр шаванд? Имконият доранд, аммо ба фикрам ин кор мақсаднок анҷом мешавад. Мақсад аз он иборат аст, ки дар атрофи ин рӯзномаҳо як фикре пайдо шавад, ки инҳо ҷабрдида ҳастанд. Инҳоро гӯё таъқиб мекунанд. Лекин дар асл ин хел нест.»


Зери ин баёния агарчанд имзои намояндаи ҲНИТ, яке аз ташаккулҳои муҳими сиёсии Тоҷикистон дида намешавад, вале Ҳикматуло Сайфуллозода, сухангӯи ин ҳизб гуфт, ҲНИТ, усулан, ба ин тарзи масъалагузорӣ мухолиф нест. Ба гуфтаи ӯ, як соли ахир то андозае фишор болои расонаҳои мустақил эҳсос мешавад. Ду ҳизби сиёсии Тоҷикистон ба шумули ҲДТ, ҲСДТ ва инчунин ҷиноҳи Мирҳусей Назриев аз ҲСТ дар баёнияи худ ҷилавгирӣ аз нашри рӯзномаҳои мустақил, назири "Одаму Олам", "Рӯзи Нав" ва "Нирӯи Сухан"-ро мисол оварда ва хостори ислоҳи ин вазъ шудаанд. Аҳзоби сиёсӣ аз ҷумла гуфтаанд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷойи таъмини иҷрои муқаррароти қонун дар бораи озодии баён ва мусоидат ба матбуоти озод ба Мухтор Боқизода, сардабири "Нирӯи Сухан" иттиҳом ворид намуда ва нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ҳамчунин, чопхонаҳо ва идораи рӯзномаҳои мустақил бо баҳона ва гоҳо бидуни баҳона аз ҷониби мақомоти мухталиф аз ҷумла пулиси молиёт мавриди тафтиш қарор мегирад. Ва ин як навъ фишор болои матбуот аст. Аҳзоби сиёсӣ дар маҷмӯъ аз давлат хостаанд, дубора шароит барои нашри матбуоти мустақилро фароҳам кунад.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG