Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри куллиёти Лоиқ дар Теҳрон


Куллиёти ашъори шоири зиндаёди тоҷик Лоиқ Шералӣ дар Теҳрон нашр шуд. "Хоки Ватан", "Шеъри Таърих", "Модарнома", "Ман намемирам", "Ҷоми Хайём", "Резаборон", "Катибаҳо", "Суханреза", "Такбайтҳо" - номгӯи бахшҳои китоби нав дарак аз он медиҳад, ки мураттибон талош кардаанд, то порае аз осори шоир аз куллиёт берун намонад. Куллиёти шоири шаҳири тоҷикро донишманд Абдунабӣ Сатторзода ва сафири Эрон дар Душанбе Сармади Порсо муаррифӣ кардаанд.

Бо гузашти солҳо муҳаббат ба каломи Лоиқ дар кишварҳои форсизабон ва аз ҷумла, дар ватани шоир, афзунтар мешавад. Аз нигоҳи пажуҳишгари тоҷик Юсуфи Акбар, имрӯз ҳам номи Лоиқ вирди забонҳост, дар маъракаву маҳфилҳо шеъри ӯ, ба истилоҳ, болонишин аст ва ба назар мерасад, ки худи шоир ҳамин лаҳза паҳлӯи мо буд ва шояд барои чанд лаҳза аз маҳфил берун рафтааст. Ва аммо сабаби дилбастагӣ ба шеъри Лоиқ чист? Оё фақат сухани пурмаънӣ, ки бо пероҳани зебои вазну қофия ороставу пероста шудааст, кофист, ки шеър то ба умқи дилҳо бирасад?

Пажуҳишгар Юсуфи Акбар мегӯяд, сухани Лоиқ на фақат зебову пурмаънист, балки дар ҳар сатраш эҳсос мешавад, ки ӯ ба зиндагӣ жарф назар медӯхт ва дардҳои ҷомеъа, дардҳои мардум рагу пайвандашро месӯхтанду мегудохтанд.

Ситоиши Юсуфи Акбар аз Лоиқ ин ҷост

Пажӯҳишгари дигари тоҷик Раҳим Мусалмониёни Қубодиёнӣ ҳам бо ақидае мувофиқ аст, ки шеъри Лоиқ - шеъри растохези миллат аст, шеъри бедории тоҷикон аст. Аз нигоҳи ӯ, сухани Лоиқ на фақат шоирона, балки олимона ҳаст ва сар то по маъниву ҳикмат.

Баҳои Раҳими Мусулмониён ба эҷодиёти Лоиқ


Юсуфи Акбар мегӯяд, китоберо, ки ахиран дар Теҳрон нашр шуд, наметавон ба маънии томаш куллиёти Лоиқ номид, зеро ба он бархе аз ашъори шоир ва, зиёда аз ин, тарҷумаҳои ӯ ворид нашудаанд.
XS
SM
MD
LG