Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон вабо?


«Тоҷикистон» дар саҳфаи аввали худ матлаберо бо номи "Заҳролудшавӣ дар Ҳисор, Душанбе ва Панҷу Бохтар" ба нашр расонида навиштааст, ки сару садоҳо перомуни паҳншавии бемории вабо ахиран мардумро дар навоҳии ёдшуда ба изтироб овардааст. Нашрия аз қавли сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Ҳисор, шуюъи бемории вабо дар ин ноҳияро рад намуда навиштааст, айни замон, танҳо дар беморхонаи марказии ин ноҳия наздик ба 100 нафар бо ташхиси бемориҳои сироятӣ таҳти муолиҷа қарор доранд.

Аммо «Азия Плюс» навиштааст, мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон шуюъи бемории ваборо дар кишвар амдан пинҳон намуда бо ин роҳ мардумро ба иштибоҳ андохтаанд. Дар ин робита, ҳафтаномаи мазкур бо интиқод аз бархӯрди масъулини вазорати тандурустӣ менависад, дар ҳоле ки мардум ибрози нигаронӣ аз бурузи бемории нав менамояд, мақомоти расмӣ аз додани маълумот дар бораи хурӯҷи ба истилоҳ бемории сироятӣ худдорӣ мекунад. Матлаби «Азия Плюс» чунин бархӯрди мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистонро хилофи муқарррароти қонун дониста онро баробар ба ҷиноят номидааст. Зеро, натиҷагирӣ менамояд «Азия Плюс», бар асоси қонун дар бораи асрори давлатӣ пинҳон намудани ҳар гуна маълумот, ки ба саломатии афрод иртибот мегирад, худ як қонуншиканӣ талаққӣ мешавад.

«Наҷот» номаи саркушодаи Саъдуллои Вализода, як тан вакили мудофеъро унвонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба нашр расонидааст. Дар ин матлаб, ҷаноби Вализода вуҷуди гурӯҳи мазҳабии «Байъат»- ро дар ноҳияи Исфара бепоя хонда онро ҳосили тахаюли мақомоти интизомиву амниятии Тоҷикистон дар ин минтақа номидааст. Муаллифи номаи саркушода, зимни дифоъ аз афроди зери ҳимояи худ, ки ба узвият дар гурӯҳи «Байъат» муттаҳам шудаанд, навиштааст, ки баёноти ҷамъовардаи гурӯҳи тафтишотии додситонии кулли кишвар ба зӯр ва таҳдид аз афроди мазнун гирифта шудааст.

«Зиндагӣ» интиқоли гурезагони узбак ба хориҷ аз Узбакистонро ба он марбут донистааст, ки дар Осиёи Марказӣ ва Русия дасти ниҳодҳои амниятии Узбакистон боз аст ва онҳо ҳар лаҳза метавонанд, дар баробари мардуми гуреза аз шеваҳои номатлуби фишор кор бигиранд.
XS
SM
MD
LG