Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳрими воридоти гушту тухми мурғ аз Русия ва Қазоқистон


Дар пайи хурӯҷи бемории зукоми мурғӣ дар Русия ва Қазоқистон, ҳукумати Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз сирояти ин маризӣ ба кишвар, тибқи як қарори худ воридоти гушту тухми мурғро аз ин ду давлат муваққатан манъ кард. Абдуманнон Маҳмадшоев, муовини сарбайтори Тоҷикистон дар ин робита ба радиои Озодӣ гуфт, ҳаштуми август ба кулли постгоҳҳои марзӣ ва гумрукӣ супориш шуд, ки ба воридоти тухму гушти мурғ ва ҳамчунин хӯроки чорво ва мурғро аз Русия ва Қазоқистон ба қаламрави кишвар иҷозат надиҳанд. Ҷаноби Маҳмадшоев ҳамчунин афзуд, ниҳодҳои ҳифзи тартибот низ муваззаф шудаанд, ки масъулини нуқтаҳои фурӯши тухму гушти мурғро дар пойтахт ва навоҳии Тоҷикистон огоҳ намоянд, то аз хариду фурӯши ғайриқонунии гушту тухми мурғ аз Русия ва Қазоқистон худдорӣ намоянд, зеро дар акси ҳол онҳо ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.
Бино ба иттиллои раёсати байтории Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли равон аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон ҳудуди 4 000 тонн гушту тухми мурғ ва 5 000 мурғи зинда ворид гаштааст, ки аз ин 80 дар садаш аз Эрон, Амрико, Канада ва Бразилия ва танҳо 20 фоиз аз Русия ва Қазоқистон оварда шудааст.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG