Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмонов ба Таиланд рафт


Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури Тоҷикистон дар раъси як ҳайати ҳукуматии ин кишвар имрӯз Душанберо ба самти Бангкок - пойтахти Таиланд тарк кард. Вазири умури хориҷӣ, вазири иқтисод ва савдо, вазири молия, раҳбари Бонки Миллии Тоҷикистон дар ин сафар президентро ҳамроҳӣ мекунанд. Интизор меравад, дар дидори ҳайатҳои воломақоми Тоҷикистону Таиланд масоили марбут ба ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи тиҷорат, ҷалби сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон баррасӣ гардад. Ғафур Расулов, сухангӯи вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфт, ин сафар барои оғози ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Таиланд як заминаи ҳуқуқӣ бунёд хоҳад намуд. Мувофиқи омори вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ҳаҷми табодули мол байни Тоҷикистону Таиланд дар шаш моҳи соли ҳолӣ сифрро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG