Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти донишманди тоҷик аз рафтори мақомоти Узбакистон


Шариф Халилӣ

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ - донишманди шинохтаи тоҷик ва раиси Бунёдии фарҳангии тоҷикони шаҳри Самарқанд гуфт, ки дар рӯзҳои ҷашнвораи байналмилалии "Таронаҳои Шарқ" дар Узбакистон, ки охири моҳи август баргузор мегардад, даст ба гуруснанишинӣ хоҳад зад.
Ҳаёт Неъмат дар як нома ба унвони созмонҳои байналмилалӣ, расонаҳои хабарӣ ва сафоратҳои муқими Тошканд навиштааст, ки додгоҳи шаҳри Самарқанд ахиран бо судури ҳукме бунёди фарҳангии тоҷикони ин шаҳрро аз дафтари кориаш маҳрум кард.
Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ дар шаҳри Тошканд, ки номаи Ҳаёт Неъматро дарёфт кардааст, Ҳаёт Неъмат дар номааш аз сафоратҳои хориҷӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар тақозо кардааст, ба қонуншиканиҳо ва нақзи ҳуқуқи инсон аз ҷониби мақомоти расмии Ӯзбакистон монеъ шаванд ва дар ҳалли мушкилоти пешомада ба ӯ кӯмак расонанд.
Ҳаёт Неъмат ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт: "Идораи мероси маданӣ моро ба додгоҳ дод ва 27 июл дар бинои бунёд мурофиа баргузор шуд, ҳарчанд ки ман бо ҳуҷҷатҳои таърихӣ, бо маъхазҳои тоинқилобӣ исбот кардам, ки ин бино бинои шоирон аст, (аммо додгоҳ ҳукми дигар содир кард)."
Ҳамзамон Ҳаёт Неъмат гуфт, ки мақомоти Узбакистон аз сабти ном кардани Бунёди фарҳангии тоҷикони Самарқанд худдорӣ мекунанд. Дар ҳамин ҳол як мақоми баланпояи ҳукумати Самарқанд ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтааст, ки биное, ки дафтари маркази фарҳангии тоҷикон дар дафтар дошт, чун мероси таммаддуни башарӣ шинохта шудааст ва мувофиқи қонунҳои Узбакистон чунин биноҳо бояд ҳатман таҳти назорати давлат бошанд. Ба гуфтаи ӯ, ин бино дигар ба Бунёди фарҳангии тоҷикони Самарқанд бозпас дода нахоҳад шуд.
Аммо донишманди тоҷик Ҳаёт Неъмат гуфт, агар мақомоти расмии Ӯзбакистон мушкили пешомадаро ҳал накунанд ӯ эътисоби ғизо эълон хоҳад кард.
Шариф Халилӣ, Тошканд
XS
SM
MD
LG