Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи ҳакамӣ дар Тоҷикистон


Саидхоҷа Сангаков, сардори раёсати равобити байналмилалии додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон ва ҳамзамон муаллифи тарҳи қонуни мазкур дар робита ба ин ба радиои Озодӣ гуфт, қабул ва татбиқи чунин як қонун метавонад, дар роҳи амнияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар Тоҷикистон кафолати ҷиддие бошад:
"Як фарқи додгоҳи ҳакамӣ аз додгоҳҳои дигар ҳамин аст, ки қарори вай охирин мебошад ва аз болои қарори вай шикоят кардан мумкин нест, масалан, ду ҷониб созишнома имзо мекунанд, ки фалон додрас кори онҳоро баррасӣ кунад, яъне, додгоҳи ҳакамӣ давоми шартномаи ду ҷониб мебошад."

Ба гуфтаи ҷаноби Сангаков, яке аз мушкилоти аслие, ки дар татбиқ ва муваффақ шудани тарҳи ин қонун монеа эҷод мекунад, камбудиҳои низомномаҳои қаблӣ мебошад, ки тарҳи қонуни ҷадид дар асоси он таҳия шудааст:
"Чанд камбудие дар ду низомнома буда дар таҳияи тарҳи қонуни додгоҳи ҳакамӣ бисёр мушкилӣ ба вуҷуд овардааст, бисёре аз нукоти ин низомномаҳо ба талаботи додгоҳи ҳакамӣ мувофиқат намекунад."

Коршиносони соҳаи иқтисод ба ин боваранд, ки яке аз сабабҳои аслии то кунун дар роҳи ҷалби сармояи хориҷӣ ба таври бояду шояд муваффақ нашудани ин кишвар шомили Созмони Ҷаҳонии Доварӣ набудани Тоҷикистон будааст. Тоҳири Абдуҷаббор, иқтисоддони тоҷик, қабули тарҳи қонуни додгоҳи ҳакамиро аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон иқдоми дуруст номид:
"Ин иқдоми хубест дар роҳи ҷалби сармояи хориҷӣ. Тоҷикистон таваҷҷӯҳи бисёр сармоягузорони ҷаҳонро ҷалб намудааст, аммо онҳо ба амнияти сармояашон дар инҷо кам боварӣ доранд. Ҳукуматро лозим аст, ки як фазои амну оромро барои сармоягузории хориҷӣ ба вуҷуд орад. Ман фикр мекунам, агар ин тарҳи қонун қабул шавад, то андозае ин мушкил ҳал хоҳад шуд."

Тибқи иттилоъи палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир, тарҳи қонуни додгоҳи ҳакамӣ дар Маълиси Намояндагон қарор дошта ва интизор меравад, пас аз таътили вакилон ин тарҳ мавриди баррасии намояндагони порлумон гардад.
XS
SM
MD
LG