Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кумисюни мустақил мушкили деҳқононро меомӯзад


Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, афзоиши қарзи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар чанд соли охир, маҷмӯан, рушди соҳаи кишоварзӣ, бахусус, пахтакориро дар ин кишвар бо мушкилоти фаровон рӯ ба рӯ сохтааст. Файзулло Холбобоев, мушовири раисҷумҳури Тоҷикистон дар умури иқтисодӣ бо ишора ба ин мавзӯъ мегӯяд:

«Феълан, мавзӯи қарзи хоҷагиҳои фермерӣ дар кишвар ба як мушкили умдаи бахши кишоварзӣ табдил ёфта боиси нигаронии мо гардидааст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, мо маҷбур гардидем, ин масъаларо дар маркази диққат қарор бидиҳем. Зеро бидуни ҳалли ин мушкил даст ёфтан ба рушди бахши кишоварзӣ дар оянда номумкин аст. Бо ин ҳадаф, ниҳоди мустақили коршиносон аллакай корро оғоз намудааст. Ба ин кумисюн дар баробари масъулини вазорати кишоварзӣ, ҳамчунин, коршиносони ҳирфавӣ ва намояндагони хоҷагиҳои фермерӣ низ шомиланд. Ин кумисюн дар қадами аввал сабабҳои воқеии қарздор гардидани хоҷагиҳои фермериро меомӯзад. Ва баъдан, бо кӯмаки созмонҳои байналмиллалӣ роҳҳои эҳтимолии тамдид ва тасфияи қарзҳои мавҷудро муайян месозад. Ин раванд аллакай шурӯъ ёфтааст. Мо мехоҳем, бо имконоти ҳаддиақал, то соли 2006 заминаи фаъолияти нисбатан беҳтари хоҷагиҳои деҳқониро дар кишвар фароҳам орем.»

Азизбек Шарифов, узви кумисюни мустақил ва раиси анҷумани хоҷагиҳои фермерии Тоҷикистон ташкили ин кумисюнро иқдоми муҳим дар роҳи аз байн бурдани қарзи хоҷагиҳои деҳқонӣ арзёбӣ менамояд. Вале ба назари ӯ, ҷорӣ шудани андози нави ягона хоҷагиҳои бе ин ҳам қарздори деҳқониро бо мушкили нав рӯ ба рӯ сохтааст. Ба гуфтаи ҷаноби Шарифов, бар асоси андози ягона мизони пардохти молиёт кам нашуда, баръакс, дар маҷмӯъ то ба 25 дарсад афзоиш ёфтааст.

Дар Тоҷикистон феълан, ҳудуди 24 ҳазор хоҷагиҳои инфиродии деҳқонӣ сабти ном шудааст, ки бештарашон ба пахтакорӣ машғуланд. Тибқи омори расмӣ, ин хоҷагиҳо ҳоло дар баробари сармоягузорони дохиливу хориҷӣ беш аз 220 миллион долари амрикоӣ қарздоранд.
XS
SM
MD
LG