Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи варзишгарон дар Душанбе


Ба муносибати рӯзи варзишгарон дар шаҳри Душанбе мусобиқоти мухталифи варзишӣ баргузор шуд. Аз ҷумла, дар мусобиқаи шиноварӣ, ки дар ҳавзи шиноварии мактаби махсуси захоири олимпӣ сурат гирифт, хоҳишмандони зиёд ширкат карда дар навъҳои мухталифи шиноварӣ ба масофаи аз 25 то 100 метр рақобат карданд. Беҳтарин шиноварон ба сабқати ниҳоӣ, ки рӯзи шанбе баргузор мешавад, роҳ ёфтанд. Рӯзҳои 5 ва 6 август бошад, дар пойгоҳи қаиқронии шаҳри Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон бо ширкати ҳафт даста аз манотиқи мухталифи ин кишвар баргузор мешавад.
Алимуҳаммад Мирзоев, раиси кумитаи тарбияи бадан ва варзиши шаҳри Душанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар айни ҳол, дар 15 мактаби варзишии пойтахти мамлакат беш аз ҳашт ҳазор варзишгар тамрин мекунанд. Ҷаноби Мирзоев дар идома иброз дошт, ки ҳаштод дар сади аъзои тимҳои мунтахаби Тоҷикистонро варзишгарони шаҳри Душанбе ташкил медиҳанд ва онҳо, феълан, ба чаҳорумин бозиҳои бонувони кишварҳои исломӣ дар Эрон ва шашумин бозиҳои Осиёи Марказӣ дар Узбакистон омодагӣ мегиранд. Дар ҳамоиши кормандони соҳа беҳтарин варзишгарону мураббиён ва собиқадорони варзиши тоҷик бо унвони фахрӣ ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.
Назруллоҳи Латиф, Душанбе.
XS
SM
MD
LG