Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар бузургтарин бозори Тоҷикистон.


Нимаи аввали шаби панҷшанбе ба ҷумьа, фурӯшгоҳи дуошёнаи мавсум ба "Элегант", ки аз маъруфтарин фурӯшгоҳ дар бозори бузургтарини Тоҷикистон - "Корвон" маҳсуб мегардад, дар коми оташ фурӯ рафт. Бино бар гуфтаи Тағоймурод Эшзода, сухангӯи хадамоти сӯхторнишонии вазорати умури дохилии Тоҷикистон, майдони сӯхтор 1300 метри мураббаъро ташкил дода барои хомӯш кардани оташ лозим омадааст, 14 мошини оташнишонӣ ва беш аз 80 корманди ин ниҳод банд шавад. Ҳаракати мошин дар шоҳроҳи Душанбе-Қӯрғонтеппаро, ки аз назди бозори «Корвон» мегузарад, то соати тақрибан 9-и субҳ аз ҷониби пулиси пойтахт қатъ гашта буд.


Масъулини сӯхторнишонӣ танҳо дар соати панҷуними субҳи имрӯз ба хомӯш кардани оташ муваффақ шуданд. Ба гуфтаи Любов Маликмуҳаммадова, сарпизишки бунгоҳи тиббии бозори «Корвон», бар асари ин ҳодиса ягон нафар зарари ҷисмонӣ набардоштааст. Тағоймурод Эшзода, сухангӯи хадамоти сӯхторнишонӣ мегӯяд, 130 дӯкони ошёнаи дуюми фурӯшгоҳи «Элигант» дар бозори «Корвон» комилан нобуд шудааст, аммо ба қавли ҳамин манбаъ, бо кӯшиши кормандони сӯхторнишонӣ як миқдор амволи фурӯшгоҳ ба маблағи 8 миллион доллари амрикоӣ аз оташ ҳифз шудааст.


Ба гуфтаи ҷаноби Эшзода, айни ҳол, як кумисюни вижа аз ҷумлаи кормандони мақомоти интизомӣ ва сӯхторнишонии пойтахт ҷиҳати муайян намудани омилҳои сар задани сӯхтор ва ҳаҷми хисорот таъсис шудааст. Яке аз фарзияҳои оташсӯзӣ, ба қавли Тағоймурод Эшзода, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ будааст. Аммо бархе аз савдогарони фурӯшгоҳи «Элигант» дар бозори «Корвон», ки нахостанд, ному садояшон сабт шавад, чунин фарзия пеш меоранд, ки сӯхтор, ки шабона сурат гирифтааст, нақшаи қаблан тарҳрезишудае аст. Айни замон, дарҳои асосии бозори «Корвон» баста ва мавзеъи оташсӯзӣ иҳота шудааст. Аммо қисми дигари бозор ба фаъолият пардохтааст. Пулиси Душанбе аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ кардааст. Ба иттилоъи манобеи ғайрирасмӣ, ҳаҷми хисорот бар асари оташсӯзии фурӯшгоҳи «Элигант» баробар ба 240 миллион сомонӣ, муодили 80 миллион доллари амрикоӣ тахмин зада мешавад. Аммо манобеъи расмӣ ҳанӯз дар ин робита иттилоъе надоранд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG