Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикони зиндонӣ дар маҳбасҳои Русия


Наздик ба 5 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои содир кардани ҷиноятҳои гуногун дар Русия зиндонӣ шудаанд. Дар ин бора Хадамоти федералии назорат бар иҷрои муҷозот дар зиндонҳои Русия хабар додааст. Дар гузориши ин ниҳод гуфта шудааст, дар зиндонҳои Русия наздик ба 25 ҳазор шаҳрвандони кишварҳои шӯравии собиқ ба сар мебаранд, ки 5 ҳазори онҳо шаҳрвандони Украина мебошанд. Тоҷикистон дар ин феҳраст дар ҷойи дуввум қарор дорад ва дар шумори пешсафон аст.

Чор ҳазору ҳаштсаду бист нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия зиндонӣ мебошад, таъкид шудааст дар хабари хадамот. Коршиноси созмони "Муҳоҷират ва ҳуқуқ" Мунира Назарова мегӯяд, бино ба омӯзиши анҷомдодаи созмон шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ғолибан бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ва авбошӣ зиндонӣ шудаанд: "Дар байни онҳое, ки бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд, нафароне ҳам зиёданд, ки бо тӯҳмат боздошт шудаанд. Аксаран пулис ба ҳангоми тафтиши аснод ба ҷайб, ё кӯлвори муҳоҷир як, ё ду грамм ҳероин мепартояд ва аз вай пул талаб мекунад. Онҳое, ки пул дода наметавонанд, зиндонӣ мешаванд."

Муҳофизи ҳуқуқ афзуд: "Бузургтарини мушкили дигар дар ин маврид бесаводии муҳоҷирон аст. Онҳо ба сабаби бедонишӣ ва надонистани забон аз худ дифоъ карда наметавонад. Ва муҳоҷире ҳам, ки омодаи дифоъ аз худ бошад, гоҳе ба сабаби надоштани маблағ вакили додгоҳӣ гирифта наметавонад. Хидмати вакили додгоҳӣ чандбор бештар аз даромади якмоҳаи як бинокори муҳоҷир аст. Созмони мо ба онҳое, ки дар ҳақиқат гирифтори тӯҳмат шудаанд, кӯмак мекунад. Ахиран вакили додгоҳие, ки мо киро карда будем, дар додгоҳи ноҳияи Нагатинский масъаларо ба суди тӯҳматзада ҳал кард."

Дар ҳамин ҳол намояндаи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар Русия Шуҷоъат Девонаев мегӯяд, байни Русия ва Тоҷикистон қарордоде имзо шудааст, ки дар асоси он шаҳрвандони зиндонии Тоҷикистон дар Русия метавонанд, замони маҳкумиятро дар Тоҷикистон сипарӣ намоянд. Вале қочоқбарони маводи мухаддир, терористҳо ва дар маҷмӯъ ҷинояткороне, ки барои ҷомеъа хатар доранд, таслим дода намешаванд. Ва аммо онҳое, ки бо гуноҳҳои сабуктар аз қабили майдадуздӣ, авбошӣ зиндонӣ шудаанд, метавонанд ба мақомоти марбутаи ду кишвар муроҷиат намоянд, то идомаи замони маҳкумиятро дар зиндонҳои Тоҷикистон пушти сар кунанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG