Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳушдори табибон ба муҳоҷирони тоҷики муқими Новосибирск


Дар ҳоле, ки мақомоти Русия хабар додаанд, аз зукоми мурғ ҳеҷ кас бемор нашудааст, Радиои "Эхо Москвы" гузориш додааст, ки дар вилояти Павлодари Қазоқистон, ки бо Русия ҳаммарз мебошад, 15 нафар ба далели заҳролудшавӣ аз гӯшти мурғ ба бемористон хобонида шудаанд. Ошхонаи маҳал муваққат баста шудааст ва дар минтақа корҳои беҳдоштӣ анҷом мешавад, ҳамзамон бозрасӣ сабаби заҳролудшавии одамонро тафтиш мекунанд.

Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, ду ҳафта пеш дар минтақаи ҳаммарз бо вилояти Павлодар аз зуком беш аз 600 мурғи хонагӣ кушта шуд. Тақрибан ҳамин миқдор мурғи заҳролуд нобуд карда шудааст. Ба навиштаи аксари расонаҳо, зукоми мурғ дар ҳафт минтақаи сибирии Русия доман паҳн кардааст. Ин дар ҳолест, ки дар минтақа ҳазорҳо муҳоҷирони тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Оё густариши зукоми мурғ ба вазъи сиҳати муҳоҷирон таҳдид намекунад? Табиби тоҷики муқими Маскав Абдулло Сатторов мегӯяд, хатари заҳролудшавии онҳо вуҷуд дорад, зеро аксари муҳоҷирон дар Русия дар вазъи бади беҳдоштӣ ба сар мебаранд.

Пизишк ба муҳоҷирон машварат дод, ки барои пешгирӣ аз заҳролудшавӣ муваққатан аз истеъмоли гӯшти мурғ парҳез намоянд ва ба хабарҳои марбута тавваҷӯҳ дошта бошанд. Дар ҳамин ҳол як нафар тоҷики муқими Новосибирск Талбихоҷа Саъдиев, ки дар бозор кор мекунад, гуфт, ки дар бораи олудашавии ҳамватанон аз зукоми мурғ хабаре дар даст надорад.
XS
SM
MD
LG