Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки тиббии Иёлоти Муттаҳида ба вилояти Суғд


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар чаҳорчӯби барномаи Норе (Умед)- и ин кишвар ба бемористонҳои вилояти Суғди Тоҷикистон ба маблағи наздик ба 4 миллион доллари амрикоӣ кӯмаки тиббӣ, иборат аз дорувор, расонид. Томас Армбрустер - намояндаи муваққати умури Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон ҳангоми супурдани қисмате аз ин кӯмакҳо ба таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд гуфт: «Ин дорувор, антибиотику витамин ва доруву дармони дигари заруриро аз ҷониби ширкатҳои бузурги дорусозии Иёлоти Муттаҳида ройгон ба зоишгоҳи шаҳри Хуҷанд, идораи тандурустии вилоят ва ҳамчунин 11 бемористони марказии навоҳии Суғд супурда истодаем.»
Бемористонҳои Суғд тайи солҳои ахир на барои аввалин маротиба аст, ки аз барномаи «Умед» - и Иёлоти Муттаҳида кӯмаки ройгони тиббӣ дарёфт мекунанд. Марҳамат Сайдуллоева - сардухтури зоишгоҳи шаҳри Хуҷанд: «Ин панҷумин дафъа аст, ки ба таваллудхонаи мо кӯмаки тиббӣ мерасонаyд. Мо ба чунин ёрӣ ниёз дорем, зеро маблағе, ки барои муассисаи мо аз буҷа ҷудо карда мешавад, танҳо чил дар сади ниёзи беморонро бароварда месозад.»
Тайи чаҳор соли ахир барномаи «Hope» дар ҳамдастӣ бо вазорати умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида ба бемористон ва муассисаҳои тиббии Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд ба маблағи 75 миллион доллари амрикоӣ кӯмаки тиббии иборат аз дорувор ва таҷҳизоти тиббӣ расонидааст.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG