Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тайи 6 моҳ дар Суғду Хатлон беш аз 200 кас худкушӣ кардааст


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, тайи 6 моҳи аввали соли ҷорӣ танҳо дар ду вилояти Суғду Хатлони ин кишвар беш аз 200 нафар қасди худкушӣ кардаанд. Фозилҷон Охунов, додситони вилояти Хатлон гуфт, дар ин вилоят дар нимсолаи аввал 81 кас даст ба худкушӣ задаанд.Ҳамин тавр 127 каси дигар бо шумули 16 нафари ноболиғ дар вилояти Суғди шимоли Тоҷикистон ба ҷони худ даст бардоштаанд. Аммо ба гуфтаи мақомот, солона дар ин вилоят аз 250 то 300 нафар бо роҳи худкушӣ ба зиндагӣ падруд мегӯянд.

Ба гуфтаи равоншиносон, чунин афрод дар бештари маворид дар ҳоли яъсу навмедӣ ва шикастагии равонӣ даст ба ҷони худ мезананд. Мушкилоти фақру бекорӣ ва ҷанҷолҳои хонаводагӣ аз ҷумла омилҳои умда даст задани мардум ба худкушӣ ном бурда мешавад. Аммо ахиран як корманди шӯъбаи маҳаллии "Амонатбонк" дар пайи ошкор шудани мавридҳои сирқати молиаш худро овехтааст. Ин дар ҳолест, ки аксарияти кулли мардуми Тоҷикистон аз дини Ислом пайравӣ мекунанд, ки худкуширо гуноҳ медонад.
XS
SM
MD
LG