Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯмаки нави Бритониё


Ҳукумати Бритониёи Кабир барои ҷилавгирӣ аз оқибатҳои харобиовари офоти табиӣ дар ноҳияи Панҷакент, 60.000 доллари амрикоӣ ҷудо кардааст. Сафорати ин кишвар дар Душанбе гуфтааст, ин маблағ дар пайи муроҷиати ҳукумати Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои мусоидат ба рафъи пайомадҳои обхезиҳои тобистони имсола дар Тоҷикистон тахсис шудааст. Ин кӯмак дар чаҳорчӯбаи тарҳи «Ибтикори рушди маҳаллоти назди Зарафшон» будааст, ки он моҳи январи соли ҳолӣ шурӯъ шуд ва ҳазинаи он 900.000 доллар будааст. Мувофиқи маълумоти вазорати ҳолоти изтирории Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, ҳаҷми хисорот аз боришоти зиёд ва обхезиҳои имсола дар Тоҷикистон беш аз панҷоҳ миллион сомонӣ будааст ва ин офоти табиӣ имсол ҷони 39 нафарро рабудаанд. Тибқи иттилоъи барномаи арзёбии хатарҳои офатҳои табии Тоҷикистон, ки мутаалиқи Созмони Милал аст, обхезиҳои шадид дар ду ноҳияи Панҷакент ва Ҳамадонӣ 12.000 нафарро аз хона берун кардааст ва даҳ ҳазор нафари онҳо ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шудаанд. Обхезиҳо то кунун ба ноҳияҳои Панҷакенту Фархор, Ҳамадонӣ, Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа, Ванҷ, Шуғнон, Нуробод ва Тавилдара хисорот ворид кардаанд.
Ҳумоюни Шаҳриёр, Душанбе
XS
SM
MD
LG