Пайвандҳои дастрасӣ

Дилшод Назаров ва Олга Герасимова ба Ҳелсинки рафтанд


Дилшод Назаров, гурзандози машҳур ва Олга Герасимова, давандаи ҷавони Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук рӯзи панҷшанбеи чаҳоруми август озими пойтахти Финляндия - шаҳри Ҳелсинки шуданд. Бино ба иттилоъи Ғайрат Неъматов, мураббии тими мунтахаби Тоҷикистон, Дилшод Назаров, ғолиби нахустин бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар Арабистони Саудӣ, ва Олга Герасимова, ки имсол дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ дар шаҳрҳои Тошканд, Бишкек, Алма-Ато ва Теҳрон натиҷаҳои назаррас ба даст овард, барои ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфтанд. Дилшод Назарови 23-сола ба Радиои Озодӣ гуфт, имсол гурзро ба масофаи 77 метру 63 сантиметр ҳаво дода, рекорди инфиродӣ гузоштааст. Вай орзу дорад, ки дар гурзпартоӣ масофаи беш аз 80 метрро дарёб карда, ба мисли устодаш Андрей Абдувалиев, қаҳрамони бозиҳои олимпӣ ва қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон қуллаҳои баландтарини варзишро фатҳ намояд.

Ва як хабар аз мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи аввал. Тими «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа дар дидори худ дар меҳмонӣ бо дастаи «Ваҳдат»-и Ваҳдат бо натиҷаи 0 бар 1 шикаст хӯрд. Ин нахустин бохти пешсафи ҷадвали мусобиқа мебошад. Тими «Динамо»-и Душанбе низ аввалин бор ноком гашт. Ин даста бозиро дар майдони худ ба тими «Фархор»-и Фархор бо натиҷаи 3 бар 4 бохт. Тими тозатаъсиси «Ориёно»-и Душанбе дар аввалин дидори худ бар дастаи «Гвардия»-и Душанбе бо натиҷаи 3 бар 1 ғалаба кард. Ба ин тартиб, байни ҳашт тими ширкаткунандаи мусобиқаи лигаи аввал се даста -«Тоҷиктелеком», "Ваҳдат" ва «Фархор», ки нӯҳхолӣ доранд, дар ҷадвал мувофиқи таносуби тӯбҳояшон мутаносибан, зинаҳои якум, дуввум ва севвумро ишғол мекунанд. Фозил Сатторов, ҳамлагари «Тоҷиктелеком», ки ба дарвозаи ҳарифонаш панҷ гол задааст, дар рақобатҳо байни беҳтарин нишонзанҳои мусобиқа дар мақоми аввал мебошад. Дар даври навбатии мусобиқа, рӯзи шанбеи шашуми август «Гвардия» бо «Динамо», "Меҳнат" бо «Ориёно» ва «Ҳулбук» бо «Ваҳдат» рақобат хоҳанд кард.
Назруллоҳи Латиф, Душанбе.
XS
SM
MD
LG