Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши мубталоёни ВИЧ/СПИД дар Суғд


Ба иттилоъи маркази пешгирии бемории норасоии масъунияти бадан, ВИЧ-СПИД дар шаҳри Хуҷанд, аз ибтидои соли равон 18 гирифтори ангезандаи ин беморӣ дар қаламрави вилоят сабти ном шудааст. Ҳабибулло Орипов - сарвари ин марказ дар ин бора мегӯяд:

«Дар вилояти Суғд то ҳамин давра умуман 166 нафар бо ангезандаи ВИЧ/СПИД ба қайд гирифта шудаанд. Афзоиши ин ангезанда асосан дар байни нашъамандони тазъиқӣ, ки аз сӯзан истифода мебаранд ва нафароне, ки хидмати алоқаи ҷинсӣ мерасонанд, бештар ба мушоҳида мерасад. Аммо дар давоми солҳои ахир ин анзезанда дар байни муҳоҷирони кории тоҷик ҳам тамоюли зиёдшавӣ дорад. Соли гузашта дар 9 тан муҳоҷири корӣ вируси ВИЧ ошкор намудем.»

Бештари сироятшудагони ангезандаи НIV дар вилояти Суғд аз 20 то 29 сол доранд. Аз рӯи маълумоти маркази пешгирии бемории СПИД дар Хуҷанд, тақрибан, 65 дар сади нафарони дорои ангезандаи ин беморӣ бо роҳи истифода аз як сӯзан ҳангоми истеъмоли маводи мухаддира ва беш аз 18 дар сад бо роҳи алоқаи ҷинсӣ сироят ёфтаанд. Дар вилояти Суғд, солона, аз ҷониби ягона маркази пешгирии бемории СПИД танҳо аз 10 то 14 ҳазор нафар мавриди ташхиси тиббӣ қарор меёбанд ва аз ин рӯ, коршиносони маҳал теъдоди воқеъии сироятшудагони ВИЧ - ро ба маротиб беш аз рақами расмӣ медонанд.

Ҳабибулло Орипов - сарвари маркази мазкур мегӯяд, ба хотири бозомӯзӣ ва мӯайян кардани вазъи воқеъии афзоиши ангезандаи ВИЧ дар шаҳри Хуҷанд, бо кӯмаки молии як созмони Иёлоти Муттаҳида оид ба назорату пешгирии бемориҳои сироятӣ дар Осиёи Марказӣ - СDС, барномаеро рӯи даст гирифтаанд, ки тибқи он чаҳор гурӯҳ: нашъамандони тазъиқӣ, ҳомилаҳо, маҳбусон ва танфурӯшон мавриди ташхиси тиббӣ қарор мегиранданд:

«Мо ҳозир ташхиси маҳбусонро анҷом дода, ба муоинаи нашъамандони тазъиқӣ сар кардем. Барнома моҳи декабр анҷом меёбад ва онгоҳ гуфта метавонем, ки вазъи воқеии маркази вилояти Суғд дар мавриди ангезандаи ВИЧ чи гуна аст.»
XS
SM
MD
LG