Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳмуди Аҳмадинажод - Робин Гуди мусулмон?


Маҳмуди Аҳмадинажоди 48 сола, ки дар оилаи оҳангари оддӣ ба дунё омадааст, аз сиёсатмадорони муҳофизакор ва содиқ ба арзишҳои инқилоби исломии Эрон ба шумор меравад. Ӯ яке аз аъзои Посдорони Инқилоби Исломии Эрон, мебошад, ки як ниҳоди тундрав ва муҳофизакор дониста мешавад ва аъзои он афроди наздик ба раҳбари рӯҳонии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоменеӣ мебошанд. Тасдиқи ӯ дар маснади раиси ҷумҳури Эрон ба ин маънист, ки тамоми низоми сиёсиии ин кишвар ба дасти муҳофизакорон мегузарад, зеро чанд ниҳоди муҳими тасмимгири давлати Эрон, мисли Шӯрои Нигаҳбон, Шӯрои Ташхиси Маслиҳати Низом ва порлумони Эрон низ асосан аз муҳофизакорон ташкил ёфтаанд.

Маҳмуди Аҳмадинажод то дар соли 2003, то замони мири шаҳри Теҳрон интихоб шуданаш чеҳраи чандон шинохта дар ҷомеаи Эрон набуд. Ӯ баъд аз он ки шаҳрдор интихоб шуд, ба кормандони марди идораҳои давлатии Теҳрон дастур дод, ки пироҳанҳои остиндароз пӯшанд ва риш гузоранд. Ин амали ӯ хашми ислоҳоталабони кишварро барангехт. Тибқи бархе гузоришҳо, раиси ҷумҳури ислоҳталаби Эрон Муҳаммади Хотамӣ, ӯро иҷозаи ширкат дар ҷаласаҳои кобинаи худ намедод, агарчӣ ҳар мири пойтахти Эрон аз чунин ҳақ бархурдор аст.

Маҳмуди Аҳмадинажод, ки нахустин раиси ҷумҳури ғайрирӯҳонии Эрон аз соли 1981 аст, гуфт, ҳукуматеро таъсис хоҳад дод, ки фарҳанги поки Исломро дунбол кунад. Раиси ҷумҳури нави Эрон дар ноҳияи Гармсар наздикии шаҳри Теҳрон ба дунё омад. Аммо дар овони хурдӣ ба пойтахти Эрон омада ва Донишгоҳи Техноложӣ ва Улумро хатм кардааст ва соҳиби унвони номзади илм аст.

Бино ба навиштаи хабаргузориҳо, Маҳмуди Аҳмадинажод майл ба популизм ва ё мардумбоварӣ дорад. Ӯ ҳамроҳи фаррошони Теҳрон дар хиёбони ин шаҳр ҷорубкашӣ кардааст ва дар маъракаи интихоботӣ ҳамвора фарзанди оҳангари оддӣ будани худро ёдоварӣ намудааст.

Ӯ баъди пирӯз омаданаш дар интихоботи раисиҷумҳурӣ гуфта буд: "Як эҳсоси ифтихор дорам, ки мавриди лутфу эътимоди мардум қарор гирифтам. Ин барои ман як ифтихори бузургест. Аммо бузургтар аз он ифтихори хидматгузорист, ки масалан дар шаҳрдорӣ, дар раёсатҷумҳурӣ ва дар ҷорубкашии миллат ҳеҷ тафовуте намебинам."

Ӯ дар суханронии имрӯзаи худ гуфтааст, ки мубориза бо фақр ва беадолативу фасодкорӣ аз авлавиятҳои кори ӯ хоҳад буд. Бо сари қудрат омадан, маҳмуди Аҳмадинажод аз барномаҳои атомии ин кишвар ки мояи нигаронии Амрикову Иттиҳодияи Аврупо аст, ҳимоят кард. Ӯ дар робита ба ҳамкориҳои Эрон бо Амрико гуфтааст, Иёлоти Муттаҳида бо қасди аз байн бурдани инқилоби исломӣ робитаҳои худро якҷониба бо Эрон бурид ва имрӯз мехоҳад, бо ҳамин мақсад ин ҳамкориҳои барқарор кунад. Аммо гуфтааст вай, барқарор кардани ҳамкориҳо ихтиёри Эрон аст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG