Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонки ипотекӣ то чӣ андоза тоҷикистониёнро бо манзил таъмин мекунад?


Елена Клепикова, раҳбари барномаҳои бунгоҳи молиявии Бонки Ҷаҳонӣ дар Русия ва Осиёи Марказӣ гуфт, бо таъсиси бонки мазкур хоҳишмандон имкон меёбанд, бо ироаи замонат барои сохтмони манзили маскунӣ аз ин бонк қарзи ипотекӣ бигиранд. Хонум Клепникова, таъсиси бонки ипотекиро барои Тоҷикистон бисёр муассир арзёбӣ намуд ва гуфт, дар ҳоле ки, ниёзи мардум дар ин кишвар рӯз аз рӯз ба сохтмони манзил меафзояд, ин иқдом метавонад, раванди сохтмони манзили маскуниро дар ин кишвар такон бахшад. Хонум Клепникова, рушди бахши хусусӣ ва афзоиши мизони сармоягузории дохиливу хориҷиро яке аз омилҳои асосӣ барои пешрафти низоми қарзҳои бозамонати бонкӣ дар Тоҷикистон номид. Вале, ҳамзамон, дар ин замина ӯ нақши ҳукуматро калидӣ арзёбӣ намуд ва афзуд:

«Ба назари ман, дар марҳалаи ибтидоӣ танҳо ҳукумат метавонад, ҳам аз лиҳози қонунӣ ва ҳам аз нигоҳи сохторӣ барои рушди низоми қарздиҳии ипотекӣ заминаи мусоид фароҳам оварад. Бидуни фароҳам овардани заминаи ҷомеи қонунӣ дар бораи шаклгирии низоми бонкии қарздиҳии бозамонат сухан гуфтан бемаврид аст. Аз сӯи дигар, ҳукумат дар ин самт бояд як барномаи махсуси миллӣ тартиб диҳад. Дар доираи ин барнома, бояд, пеш аз ҳама афроди аз лиҳози иҷтимоӣ осебпазир имкон дошта бошанд, ки аз хидматрасонии ипотекии бонкҳо истифода баранд.»

Ва аммо дар сурати роҳандозии бонки ипотекӣ то куҷо афроди мӯҳтоҷ метавонанд, аз қарзҳои бозамонати он барои сохтмони манзил истифода намоянд? Файзулло Холбобоев, мушовири иқтисодии раисҷумҳури Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба ин масъала мегӯяд, аз ин бонк ҳама, аз ҷумла, афроди ниёзманд ҳам метавонанд, истифода баранд. Вале ин ҷо муҳим он аст, ки ҳар шахси хоҳишманд бояд барои дарёфти қарзи ипотекӣ замонат дошта бошад.

Муродалӣ Алимардонов, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯяд, бо ибтикори ин бонк интизор меравад, дар ояндаи наздик бонкҳои тиҷории кишвар бо ҳадафи додани қарз барои сохтмони манзил дар фаъолияти худ хидматрасонии нав - додани қарзҳои бозамонатро ба роҳ монанд. Дар ҳамин ҳол, Матлуб Халифаев, раиси кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон ба сатҳи пасти маблағгузорӣ дар бахши хонасозӣ таъкид менамояд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ҷаноби Халифаев, роҳандозии низоми қарздиҳии бозамонатро як амри муҳим дар ҳалли мушкили сохтмони манзил дар Тоҷикистон арзёбӣ менамояд.

Тибқи омори расмии кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли 2005 дар ин кишвар беш аз 113 ҳазор метри мураббаъ манзил сохта шудааст. Вале бо ин ҳама гуфта мешавад, сохтмони манзили маскунӣ дар Тоҷикистон, бахусус, пойтахти он шаҳри Душанбе ҳамоно як мушкили ҳалталаб боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG