Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафтаи ҷаҳонии шири модар дар Тоҷикистон


Бо пуштибонии молии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва Бунёди ҳимоят аз атфоли Созмони Милал, вазорати беҳдошти Тоҷикистон барномаеро мавсум ба «Ҳафтаи ҷаҳонии шири модар» рӯйи даст гирифтааст. Ҳусейн Аминов, мудири шӯъбаи сиҳатии модару кӯдаки вазорати беҳдошт дар робита ба ин барнома ба Радиои Озодӣ гуфт, модарони ҷавон афзалияти шири модар ва то чӣ андоза муҳим будани онро барои инкишофи ҷисму рӯҳи навзод аз лаҳзаи таваллуди ӯ дарк намекунанд, аз ин рӯ, яке аз самтҳои аслии барномаи мазкур ба модарони ҷавон омӯхтани тартиби ширмаконӣ ва аҳамияти шири модар будааст.

"Ҳадафи аслии ин барнома ба занҳо фаҳмондани аҳамияти шири модар барои сиҳатии кӯдак мебошад. Агар кӯдак аз шири модар маҳрум монад,эҳтимол драд, вай ба бемории камвазнӣ, шуш ва дар натиҷаи хӯрдани хӯроки маснӯъӣ аз меъёр зиёд ба фарбеҳшавӣ гирифтор шавад."

Ҷаноби Аминов ҳамчунин гуфт, беш аз 30 фоизи ҳодисаҳои маргу мири кӯдакони то яксола, бар асари истеъмоли ғизои маснӯъӣ рух медиҳад. Табиби тоҷик шири модарро дар таъмини инкишофи хуб ва сиҳатии кӯдак муҳимтарин ғизо номид:
"Дар дунё ҳоло ягон чизе нест, ки шири модарро пурра иваз карда тавонад."

Дар ҳамин ҳол, мутахассисони соҳаи беҳдоштӣ мегӯянд, солҳои ахир, теъдоди занҳое, ки бар асари камғизоӣ, камхунӣ, нарасидани витаминҳои мухталиф ва фишорҳои равонӣ гирифтори камширӣ ҳастанд ва ё ширашон олудаи микробҳои мухталиф мебошад, ба маротиб афзудааст ва ин боиси густариши бемориҳои мухталиф дар миёни навзодон гаштааст. Бино ба маълумоти вазорати тандурустии Тоҷикистон, барномаи мазкур тайи як ҳафта дар сартосари кишвар татбиқ мешавад ва он метавонад, дар роҳи коҳиши маргу мири кӯдакони то яксола мусоидат намояд.
XS
SM
MD
LG