Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кишвари афсонаҳо"-и атфоли гирифтори саратон дар Душанбе


Назокати ҳафтсола гирифтори дараҷаи вазнини саратони устухон аст. Сарфи назар аз рангу рӯи парида ва заъфаронӣ, сарфи назар аз он ки ӯ ҳатто аз ҷо хеста наметавонад, ӯ шодӣ мекунад. Аз тирезаи ҳуҷраи ӯ дар бинои даҳуми беморхонаи ҷумҳуриявии Қарияи Боло боғчаи тозабунёди кӯдакона бо арғунчаку хоначаҳои чӯбин ва ашёву бозичаҳои кӯдакона намудор аст.
«Дар пеши болнисаи мо арғунчак сохтанд. Мо хурсанд шудем, охир то ин вақт набуд. Барои ҳамин, раҳмат ба одамое, ки онро сохтанд.»

«Кишвари афсонавӣ». Майдончаи кӯдаконае, ки табъи Назокат ва чандин тифлони ҳамтақдири дигари ӯро рӯзи дароз шод нигоҳ медорад, чунин исмро дорост. Ин майдонча дорои панҷ арғунчаки рангоранг, хоначаҳои чӯбини зебо, зинапояҳои оҳанин ва дигар бозичаву ашёи барои кӯдакон шавқовар мебошад. Дар баробари ин, боғчаи мазкур бо гулҳои рангоранг оро ёфтааст, ки воқеан ҳам, ин ҳама, дар маҷмӯъ майдончаро ба як макони афсонавӣ монанд мекунад. Боғчаи кишвари афсонавӣ бо мусоидати сафорати Амрико ва талошҳои хатмкардагони барномаи «Флекс»-и шӯъбаи амрикоӣ оид ба таҳсилоти байналмилалӣ барои кӯдакону наврасони гирифтори бемории саратон дар ҳавлии беморхонаи ҷумҳуриявии Қарияи Боло дар шаҳри Душанбе сохта шуд.

Акнун, атфоли беморе, ки ҳафтаву моҳҳои дароз дар ҳуҷраҳои табобатӣ зиндагӣ мекарданд, имкон доранд, лаҳзае аз бемории худ фаромӯш сохта саргарми бозӣ шаванд. Бунёди як майдонча барои атфоли мубтало ба саратон идеяи як гурӯҳ хатмкардаҳои ҷавони барномаи «Флекс» мебошад, ки фаъолияти онҳо маҳз ба дастгирии кӯдакони ниёзманд равона шудааст. Мисқола Абдуллоева, ёвари ҳамин барнома мегӯяд, ин беҳтарин кори хайрхоҳонаи гурӯҳи онҳо буд, зеро аз ҳама бештар кӯдакони бемори саратон, ки кафолати зинда мондани бархеи онҳо ками андар кам аст, ба дастгириву муносибати хуби атрофиён ниёз доранд.

«Чунки онҷо ҳатто одаме, ки касалро хабаргирӣ меояд, бо чеҳраи кушода намеояд, баръакс, ҳама ғамгинанд ва як муҳити баде дорад гирди ҳамон беморхона. Барои ҳамин мо гуфтем ҳамин боғчаро барои онҳо бунёд кунем, то онҳо дигар камтар дар бораи беморӣ фикр кунанд ва дар чунин шароити майдонча онҳо худро танҳо ҳам ҳис намекунанд ва вақти кӯдакиашонро хуб мегузаронанд»

Моҳира Умарова, масъули шӯъбаи кӯдаконаи беморхонаи ҷумҳуриявии саратоншиносӣ мегӯяд, сохтани чунин як майдонча барои кӯдакони бемор хеле зарур буд, зеро ин атфол танҳо ду ҳафта дар як моҳро дар оила, дар назди падару модараш мегузаронанду дигар боз бармегарданд ба беморхона, ки барояшон хонаи дуввум гаштааст. Бинобар ин, онҳо ба чунин фазову зиндагии кӯдакона ниёз доштанд. Боз дар ҳоле, ки теъдоди кӯдакону наврасони гирифтори ин беморӣ меафзояд. Тибқи иттилои шӯъбаи кӯдаконаи беморхонаи ҷумҳуриявии саратоншиносӣ таи шаш моҳи ахир ҳудуди яксаду панҷоҳ тифли бемор ба қайд гирифта шудааст. Моҳира Умарова мегӯяд,
«Тақрибан ҳар моҳ 20 -25 кӯдак аз қайди шӯъбаи мо мегузаранд, ҳам варамҳои дараҷаи хавфноки саратон ва ҳам дараҷаи нисбатан бехавфаш.»

Аммо бону Моҳира бо таассуф афзуд, ба маркази онҳо атфоли бемор аксаран бо дараҷаи хавфноктарини саратон мавсум ба «саркома» муроҷиат мекунанд. Дар ин сурат, танҳо чизе, ки аз дасти пизишкон меояд, ин каме дарозтар кардани ҳаёти он кӯдакон мебошад. Духтурон мегӯянд, волидон ё беаҳамиятӣ мекунанд ва ин ки ғофил мемонанд. Аммо дар мавриди сабабҳои мубталои саратон шудани атфолро Моҳира Умарова чунин мегӯяд:
«Ин сабабҳои мухталиф дорад, яке аз сабабҳояш ирсият аст ва аз ангезандаҳои мухталиф ва никоҳи хешутаборӣ низ вобастагӣ дорад, аммо аз шароити бади зиндагӣ ин беморӣ вобаста нест.»

Моҳира Умарова мегӯяд, бархе аз кӯдакону наврасони зирак дар натиҷаи пурсишҳои зиёди худ аз волидону духтурон аз бемории худ бохабар гаштаанд, аммо қисмати дигар ҳайрон мешаванд, ки чаро онҳо пайваста дар беморхонаанду табобат мегиранд. Волидони ин наврасони бемор аз сӯҳбат бо мо худдорӣ карданд, зеро онҳо медонистанд, ки дарди фарзандашон қариб бедаво аст ва баробари ба хотир овардан ашк онҳоро гулӯгир мекард.
XS
SM
MD
LG