Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарзанони тоҷик ба Теҳрон мераванд


Ҳудуди 100 зани варзишгари тоҷик барои ширкат дар чаҳорумин бозиҳои бонувони кишварҳои исломӣ дар Теҳрон омодагӣ мегиранд. Сарахон Эмомов, масъули кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин бозиҳо, ки аз 22 то 28 сентябри соли равон дар пойтахти Эрон баргузор мешавад, ширкати бонувони варзишгари тоҷик дар риштаҳои мухталиф, аз ҷумла, баскетболу волейбол, варзиши сабук, камонварӣ, таеквондо, карате, гуштии дзюдо, теннис, тирандозӣ, шиноварӣ ва ҳандбол дар назар аст. Ба гуфтаи Сарахон Эмомов, ба ҳайати тими мунтахаби занонаи Тоҷикистон варзишгарони маъруфи ин кишвар, ба мисли камонварон Наргис Набиева, Фирӯза Зубайдова, тирандоз Сурайё Ҷумъаева, давандаҳо Гулсара Додобоева, Владислава Овчаренко, Олга Герасимова, гуштигир Сабоҳат Исмоилова, таеквондочиён Парвина ва Таҳмина Исомоваҳо, каратечиён Нигора Тӯраева, Нигина Хайруллоева, шиноварон Катерина Измайлова ва Наталя Тушева шомиланд. Масъули кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иброз дошт, ки дар чаҳорумин бозиҳои бонувони кишварҳои исломӣ, ҳамчунин варзишгарони маълули тоҷик дар риштаи тенниси рӯи миз ширкат хоҳанд кард.
Назруллоҳи Латиф, Душанбе.
XS
SM
MD
LG