Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъвиқи мурофиаи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров


Мурофиаи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси ҳизби демократи Тоҷикистон дар рӯзи дуввуми баррасӣ дар Додгоҳи Олӣ бо тақозои Аъзам Бадриддинов, вакили мудофеъи ӯ, то ба рӯзи ҳаштуми август ба таъхир гузошта шуд. Ҷаноби Бадриддинов гуфт, ӯ аз шонздаҳ ҷилди матолиби тафтишот танҳо бо нӯҳтояш фурсат ёфтааст, ки шинос шавад. Ва аммо додситон Меъроҷ Ҳакимов гуфт, ҷониби ҳимоя барои шиносоӣ бо матолиби тафтишот фурсати кофӣ дошт. Додгоҳ тақозои вакили мудофеъро қабул ва идомаи мурофиаро ба рӯзи ҳаштуми август таъйин кард.
Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар рӯзи нахустини мурофиаи худ кулли иттиҳомоти алайҳи ӯ эълоншударо рад карда ва онҳоро бофтаву сохта номид. Тибқи айбномае, ки додрас Зафар Азизов рӯзи шурӯъи мурофиа тӯли беш аз якуним соат қироат кард, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ба терроризм, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳаи зиёд, ғайриқонунӣ доштани муҳофизон, тасарруфи амволи давлатӣ ба миқдори бузург, сӯъиистифода аз ваколатҳои хидматӣ, тақаллуби ҳуҷҷатҳои расмӣ, хунукназарӣ ба вазифа ва таъсиси дастаи мусаллаҳ муттаҳам мешавад.
Ҳумоюни Шаҳриёр, Душанбе
XS
SM
MD
LG