Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯгоҳи Роғун - заминаи рушди саноат дар Рашт


Рашт Дар паҳнои бузурге аз қаламрави Тоҷикистон аз дашти Файзобод сар карда, то Мурғоб то ҳол як корхонаи бузурги саноатӣ ҳам сохта нашудааст. Чанд корхонаи хурду резае ҳам, ки назири корхонаи асфалту оҳан ҳанӯз дар замони Шӯравӣ дар водии Рашт қомат афрохта буд, акнун ба иллати аждами ашёи хом аз фаъолият бозмонда ва ё дар солҳои ҷанги дохилӣ тахриб шудаанд.

Бо ин ҳол, мардуми шарқи Тоҷикистон дида ба сӯи сохтмони нотамоми нирӯгоҳи Роғун дӯхтаанд ва умедворанд, ки сохта шудани ин нирӯгоҳ заминаро барои рушди соҳоти дигари саноат дар кулли минтақаи шарқи Тоҷикистон фароҳам хоҳад сохт. Ва аммо ба сурати умум метавон гуфт, саноат дар минтақае, ки ҳудуди 300 000 аҳолӣ дорад, имрӯз фаъол нест. Сокинони Рашт мегӯянд, дар тӯли 70 соли ҳукумати Шӯравӣ ва дар солҳои истиқлоли Тоҷикистон дар ин минтақа ҳатто як корхонаи бузург ва муҳими саноатӣ сохта нашуд.

Соҳибкор Ҷамшед Убайдуллоев мегӯяд, хоҷагиҳои кишоварзии минтақа ҳар кадом 4 - 5 ҳазор тонна мева тавлид мекарданд ва имкон дошт, дар ин замина дар замони шӯравии собиқ ақаллан як корхонаи коркарди мева ва ё шаробсозӣ дар водии Рашт бунёд гардад. Ҷамшед Убайдуллоев бо ин ҳол бунёди корхонаҳои саноатӣ дар заминаи коркарди маҳсулоти кишоварзиро аз роҳҳои рушди ин риштаи иқтисод дар минтақа медонад. Метавон, дар заминаи ашёи хоме, ки он ҷо вуҷуд дорад, корхонаи коркарди мева, шир, пӯсту пашм, бастубандии асал сохт ва бо ин восита нафарони зиёдеро бо ҷои кор таъмин кард. Ба ақидаи Ҷамшед Убайдуллоев, таъсиси корхонаҳои саноатиро дар водии Рашт метавон дар заминаи тавлиди оби ошомиданӣ аз чашмаву рӯдхонаҳои фаровони минтақа ба роҳ андохт.
"Имрӯз, дар худи Душанбе нархи об аз нархи бензин қимат аст. Ба таври мисол, як шишаи 500 граммаи "Оби Зулол" баробар аст ба як сомонӣ, қиммати як тоннаи он 700 доларро ташкил медиҳад ва аммо як тонна бензин ҳамагӣ 600 доллар қимат дорад. Водии Рашт пур аз обҳои ширин аст, ки дар сурати сохта шудани як корхона обро ҳам ба Душанбе ва дар сурати имкон ёфтан ба хориҷи кишвар содир кард."

Аҳлиддин Икромов, мусоҳиби дигари мо аммо таъсиси корхонаҳои хурди саноатӣ бо ҳазинаи камтарро муҳимтар хонда мегӯяд, шароит барои таъсиси ҳар навъ корхонаи саноатӣ дар минтақа танҳо дар сурати сохта шудани неругоҳи обии барқи Роғун таъмин хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол, муҳандис Назархоҷа Саидов ба аҳамияти бунёди нерӯгоҳҳои хурд дар минтақаи Рашт таъкид мекунад. Ӯ мегӯяд, дар заминаи нерӯгоҳи хурде, ки қудрати тавлиди ҳамагӣ 63 квт нирӯи барқро дорад, ягона корхонаи тармими трансформаторҳо дар шаҳраки Ғарм бунёд шудааст, ки ҳамасола то 50 трансформатор тавлид мекунад. Давлатҷон Шарифов низ аз пешниҳоди бунёди нерӯгоҳҳои хурд пуштибонӣ мекунад.
"Дар деҳаи Кӯли Соярӯ пас аз сохтмони як нерӯгоҳи хурд беш аз 40 нафар дар фасли зимистон соҳиби барқ мебошанд. Агар чунин микрогесҳо сохта шаванд ва имконоти сохтмони онҳо дар шароити кӯҳистон хеле қулай аст ба манфиати мардум хоҳад буд."

Муҳандиси роҳсоз, Мирзодавлат Баҳромов аммо истихроҷи ангишт аз кони Назарайлоқро таъриф мекунад. Ӯ мегӯяд, ангишти Назарайлоқ дар ҷаҳон беназир буда, бо наздики 99 дарсад мизони боздеҳи гармӣ дуввумин ангишти хушсифати дунё, баъди ангишти Хуан Лии Ветнам ба шумор меояд. Ба эътиқоди ҷаноби Баҳромов, дар асоси танҳо ангишти Назарайлоқ, ки дорои 22 элементи кимёвӣ будааст, метавон, тавлиди чанд маҳсулоти саноатиро ба роҳ гузошт.
"Дар таркиби ин ангишт аз ҳама муҳим барои Тоҷикистони мо электрод ва карбид мебошад, ки бо сохтмони тавлиди ин навъи маҳсулот ба иқтисоди кишвар даромади зиёд хоҳад овард."

Ва боз ҳам аз сифоти ангишти Назарайлоқ, аммо ин бор аз забони сокини дигари минтақа Муҳаммадисо Ҳакимов.
"Агар ин ангишт дар ягон давлати мутараққӣ мебуд, онро ҳеҷ гоҳ намесӯхтанд. Аз ин ангишт моддаҳои полимерӣ истеҳсол карда мешавад, ки дар ҳама ҷо ба он эҳтиёҷ доранд. Ғайри ин мешавад, дар асоси коркарди он зарфҳои барои як бор истифодашаванда сохт ки эҳтиёҷ ба он зиёд аст."

Гуфтанист, тайи чанд соли ахир дар водии Рашт чанд корхонаи хурди саноатӣ сохта шудааст, ки аз ин миён мешавад, корхонаи нонпазӣ, корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ ва корхонаи вашимбарориро ном бурд. Илҳомиддин Сироҷов, масъули корхонаи тавлиди вашим гуфт, моҳи январ маҳсулоти онҳо дар як озмуни минтақавӣ дар шаҳри Фарғона, дар миёни ҷамоҳири Осиёи Миёна соҳиби мақоми аввал шудааст. Ба эътиқоди ӯ, корхона бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз аст ва акнун метавонад, замбӯрпарварони Тоҷикистонро бо тахтамум пурра таъмин кунад.

Дар ҳамин ҳол, Ҷамшед Убайдуллоев, роҳбари коргоҳи маҳсулоти ширӣ гуфт, ки онҳо ният доштаанд, натанҳо сокинони водиро бо чунин маҳсулот таъмин кунанд, балки ҳамзамон як қисми маҳсулоти худро ба шаҳри Душанбе ба фурӯш баранд. Айни замон ба гуфтаи ӯ корхона бо таҷҳизоти сохти Фаронса муҷҷаҳаз буда дар рӯзҳои наздик фаъолияти худро аз сар мегирад. Вале бо ин ҳама коршиносон ба ин назаранд, ки танҳо дар сурати сохта шудани корхонаҳои бузурги саноатӣ дар водии Рашт метавон, мизони фақрро дар минтақа коҳиш дод ва заминаро барои таъмини мардум бо ҷойи кор фароҳам сохт.

Ва аммо дар ин роҳ дидаи умеди ҳам мардум ва ҳам мақомоти минтақа боз ҳам ба сӯи чароғҳои Роғун аст, ки оё кай фурӯзон хоҳанд шуд. Хусусан ҳоло, ки ширкати русии "Русский Алюминий" барои бунёди обанбори нирӯгоҳи Роғун ва ба кор андохтани ду муҳаррики аввали ин нирӯгоҳ 560 миллион доллар ваъда кардааст.
XS
SM
MD
LG