Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон бо гази худӣ таъмин мешавад?


Сад шаҳрванди тоҷик, ки ҳуҷҷати ронандагӣ доранд, дар вилояти Екатеринбурги Русия бо ҷои кор таъмин мегарданд. Нашрияи «Азия-Плюс» навиштааст, дар ин маврид ахиран миёни ҷамъияти саҳҳомии таксиронии Екатеринбург ва идораи шуғли аҳолии шаҳри Душанбе тавофуқ ба даст омадааст. Бар асоси тавофуқ, қарор аст, бо ронандагони тоҷик ба мӯҳлати як сол шартнома баста шавад. Ба навиштаи ҳафтавор, мувофиқи шартнома маоши як моҳаи ронандагони тоҷик дар шаҳри Екатеринбург ҳабдаҳ ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад ва онҳо ҳамагӣ дар доираи қарордод бо ҷои хоб таъмин мегарданд.

Дар матлаби дигари «Азия-Плюс» омадааст, ширкати «Газпром»- и Русия дафтари намояндагии худро дар Тоҷикистон боз менамояд. Нашрия бо истинод ба мақомоти вазорати энергетикаи Тоҷикистон навиштааст, ки ду сол қабл миёни ин вазорат ва ширкати «Газпром» барои 25 сол шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расида буд. Ширкати русӣ эълом доштааст, ки барои кашфи майдонҳои нави истихроҷи газу нафт дар ҳудуди Тоҷикистон ҳудуди 5 миллион доллари амрикоӣ ҷудо менамояд.

«Наҷот» аз қавли сафири Русия дар Тоҷикистон навиштааст, ки дар шаш моҳи аввали соли равон муҳоҷирони кории тоҷик аз ин кишвар ба Тоҷикистон ҳудуди 500 миллион доллари амрикоӣ интиқол додаанд. Ҳафтавор бо ишора ба афзоиши мизони раванди муҳоҷирати корӣ аз кишвар навиштааст, феълан навад дар сади муҳоҷирони кори тоҷик дар Русия кору зиндагӣ мекунад.

Бино ба навиштаи «Зиндагӣ», қарзи хориҷии Тоҷикистон дар муқоиса бо соли 2000 ҳафтод дарсад коҳиш ёфтааст.
Нашрия меафзояд, ки феълан, қарзи хориҷии кишвар 905 миллион доллари амрикоӣ ва ё муодили маблағи 40 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

"Ҷумҳурият" аз афзоиши маҷмӯъи маҳсулоти дохилии кишвар хабар дода нигоштааст, ки дар нимсолаи аввали соли 2005 ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 8,1 дарсад боло рафтааст.

«Вечерний Душанбе» аз наҳваи фаъолияти корхонаҳои коркарди пахтаи кишвар интиқод намуда навиштааст, ки 48 корхонаи мавҷуд, ки хусусианд, то кунун натавонистаанд, ҳосили пахтаи соли гузаштаро ки 550 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, мавриди коркард қарор диҳанд. Ин дар ҳолест, таъкид менамояд «Вечерний Душанбе», қаблан, дар кишвар ҳамагӣ 22 корхонаи коркарди пахта мавҷуд буд ва ҳамасола дар ин корхонаҳо то 900 ҳазор тонна пахта коркард мешуд. Нашрия барои таъмини муассирияти кори ин корхонаҳо пешниҳод намудаааст, ки ҳадди аққал панҷоҳ дарсади корхонаҳои хусусии коркарди пахта бояд дубора давлатӣ гардонида шаванд.
XS
SM
MD
LG