Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани қозии парвандаи Акбари Ганҷӣ


Мақомоти қувваи қазоияи Ҷумҳурии Исломии Эрон мегӯянд, муовини додситони Теҳрон Масъуди Муқаддасӣ, масъули муҳокимаи парвандаи хабарнигори дигарандеши эронӣ Акбари Ганҷӣ рӯзи сешанбе, 2 август дар натиҷаи як сӯъиқасд дар шаҳри Теҳрон аз сӯи як нафари ношинос кушта шуд. Сухангӯи қувваи қазоияи Эрон Ҷамоли Каримирод гуфт, ин ҳодиса дар маркази Тевҳрон вақте иттифоқ уфтод, ки Муқаддасӣ аз сохтмони додгоҳ берун мерафт. Ба гуфтаи Ҷамоли Каримирод, қотили Масъуди Муқаддасӣ савори мотосикл буда ва дар пайи тирандозӣ аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Масъуди Муқаддасӣ қозии чандин мурофиаи пурсарусадоии додгоҳӣ дар чанд соли охир будааст. Ӯ соли 2001 қозии мурофиае буд, ки Акбари Ганҷиро ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Ҳамин тавр, қозӣ Муқаддасӣ соли 2000 аз қозиёне буд, ки барандаи ҷоизаи Нобел Ширини Ибодиро ба чанд рӯзи зиндон ҳукм намуд.

Акбари Ганҷӣ, ки аз мунаққидони сарсахти раҳбарияти рӯҳонии Эрон маҳсуб мешавад, соли 2001 дар пайи нашри як силсила матолиб, ки дар онҳо ӯ мақомоти Ҷумҳурии Исломиро шарики қатлҳои сиёсӣ номид, маҳкум ба зиндон шуд. Акбари Ганҷӣ беш аз 50 рӯз аст, ки дар зиндон даст ба эътисоби ғизо задааст. Гуруснанишинии Акбари Ганҷӣ авҷи пуштибонӣ ва ҳимоят аз ӯро дар дохил ва хориҷи Эрон ба бор овард. Дар ҳафтаи гузашта раисиҷумҳури собиқи Эрон Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ ба раҳоии Ганҷӣ аз зиндон даъват кард. Се созмони хабарнигорон дар Тоҷикистон - Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, Бунёди гиромидошти ҳуқуқи хабарнигор ва Иттиҳодияи ҳамкории иҷтимоии рӯзноманигорон - низ бо нашри як баёния ба фавҷи тарафдорони талаби раҳоии Акбари Ганҷӣ аз зиндон ҳамроҳ шудаанд.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG