Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пойгоҳи низомии Амрико аз Узбакистон ба куҷо мекӯчад?


Тоҷикистон ҳамсояи девор ба девори Узбакистон аст ва ҳар ду кишвар узви созмони Шанхай мебошанд.
Ва изҳороти ахири пурсарусадои ин созмон дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар хусуси ташхиси замонати пойгоҳҳои аъзои эътилофи зиддитеррор таҳти сарварии Амрико аз минтақа ҳанӯз ҳам ба унвони як мавзӯи матраҳ дар Осиёи Марказӣ мавриди баҳси сиёсатшиносон ва алоқамандони сиёсати минтақа мебошад. Маҳз баъд аз ҳамин нишаст Узбакистон масъалаи хурӯҷи пойгоҳи низомии Амрико дар Хонободи худро дар миён гузошт.

Профессор Тағой Раҳмонов, намояндаи Шӯрои Амнияти Тоҷикистон мегӯяд, дар сурати пеш омадани масъалаи ҷойгир кардани пойгоҳи Амрико дар Тоҷикистон бояд санаде вуҷуд дошта бошад, ки бар асоси он иқдом шавад. Вай меафзояд, аммо то ҳол чунин як созишнома байни Тоҷикистон ва Амрико ба имзо нарасидааст.
"Ин кор бо як сафар ҳал намешавад, ягон ишорае ҳам набуд, ки аз он ҷо ба инҷо мекӯчад."

Аз шарҳи кӯтоҳи профессор Раҳмонов рӯшан мегардад, ҳангоми сафари ахири вазири дифои Амрико, Доналд Рамсфелд ба Тоҷикистон роҷеъ ба эҳтимоли дар Тоҷикистон ҷойгир намудани пойгоҳи низомии Амрико дар ин кишвар ишорае нашудааст. Профессор Раҳмонов гуфт, агар чунин иқдом ҳам сурат гирад, музокира байни ду ҷониб, яъне Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳида тулонӣ хоҳад буд. Вале манзур аз музокираи тӯлонӣ чӣ ҳаст, шарҳи бештар дода нашуд. Дар ҳамин ҳол, Маъруф Ҳасанов, сардори раёсати равобити байналмилалии вазорати дифои Тоҷикистон гуфт, Тоҷикистон ба унвони узви эътилофи зиддитеррор дар Афғонистон ҳамаи имконотро барои Амрико фароҳам хоҳад овард, аммо дар мавриди пойгоҳи низомӣ ҳанӯз чунин шароит пеш наомадааст.
"Вазири корҳои хориҷӣ дар нишасти хабарии худаш гуфт, ки мо фазои худро пешкаш мекунем, аммо ҷойгир намудани база дар Тоҷикистон ин хел шароит нест дар мо."

Ва аммо роҷеъ ба ин мавзӯъ, коршиносони дохили Тоҷикистон чӣ назар доранд? Коршиноси мустақили тоҷик Исмоил Раҳматов мегӯяд, аз як сӯ Русия ба унвони бародарбузурги Тоҷикистон дар минтақа барои ҳузури бештари худ талош дорад ва аз сӯи дигар Чин ба унвони яке аз кишварҳои абарқудрати минтақа наздик шудани Амрико ба марзи худашро намехоҳад.

Вале коршиноси дигари тоҷик, Рустам Ҳайдарзода ба ин назар аст, ки хурӯҷи пойгоҳи Амрико аз Узбакистон пеш аз ҳама Тошкандро бо Маскав наздик месозад, ки ин ҳатто ба заифии муносиботи танготанги Маскаву Душанбе хоҳад овард. Ба андешаи ҷаноби Ҳайдарзода, дар чунин ҳол Тоҷикистон дар як дуроҳаи сарнавиштсоз қарор мегирад:
"Ман фикр мекунам, Русия ҳаракат мекунад, ки бо Узбакистон ҳамчун давлати пурқудрат дар Осиёи Марказӣ ҳамкориҳоро вусъат диҳад ва ин ба нафъи Тоҷикистон нахоҳад буд. Аз ин ҷо, бояд ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон самти Амрикоро интихоб шавад. Аввалан, барои он ки Русия ҳамчун шарики стратегӣ ба фикри ман дигар садоқати худро нишон нахоҳад дод ва онҳо бештар бо Узбакистон ҳамкорӣ хоҳанд кард."


Ҳамин тавр, аз баҳси намояндагони мақомоти давлати Тоҷикистон ва коршиносон рӯшан мешавад, ки масъалаи эҳтимоли пас аз Узбакистон дар Тоҷикистон таъсис додани пойгоҳи низомии Амрико ба унвони як суоли матраҳ ҳанӯз боқӣ хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG