Пайвандҳои дастрасӣ

Дидори Эмомалӣ Раҳмонов бо сафири Русия


Ширкати Русия дар барномаҳои стратегии Тоҷикистон ба мисли сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии «Роғун» ва «Сангтӯда-1», инчунин, масъалаи таъсиси бахшҳои шиносномадиҳӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия аз мавзӯъҳои муҳими мулоқоти Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Рамазон Абдулатифов, сафири Русия дар Душанбе будааст. Ҷаноби Абдулатифов пас аз вохӯрӣ гуфт, феьлан, сохтмони нерӯгоҳҳои мазкур шурӯъ шудааст ва танҳо дар иншооти «Сангтӯда-1» ҳудуди 500 коргари тоҷик фаъолият дорад. Аммо сафири Русия мегӯяд, дар робита ба сохтмони ин нерӯгоҳ бо ширкати Русия як идда мушкилот ба миён омадааст.
"Аз ҷумла, то ба ҳол масъалаи ҷорӣ намудани имтиёзҳои андозбандӣ барои корҳои марбут ба сохтмони нирӯгоҳи «Сангтӯда» танзим нашудааст. Феълан, ҳукумати Тоҷикистон дар садади ба тасвиб расонидани як қарор аст, ки тибқи он ситонидани андоз аз истифодабарии фанноварию нақлиёт барои корҳои сохтмонӣ манъ карда мешавад."


Ҷаноби Абдулатифов гуфт, бар асари ин ки ҳукумати Тоҷикистон андоз аз фанновариҳо ва дигар корҳоеро, ки дар нерӯгоҳи «Сангтӯда» бурда мешаванд, аз байн набурдааст, се моҳ аст, ки коргарони тоҷик дар ин сохтмон аз гирифтани музди меҳнат маҳруманд. Дар ҳамин ҳол Рамазон Абдулатифов таъкид кард, кишвараш ҳамкориҳои иқтисодии худро танҳо бо сохтмони корхонаҳои алюминиум ва нерӯгоҳҳои «Роғун»-у «Сангтӯда-1» маҳдуд нахоҳад кард ва имкон дорад, ояндаи наздик Русия дар бунёди нерӯгоҳҳои дигари Тоҷикистон низ саҳм гирад.
Ва аммо дар мавриди масъалаи таъсиси бахшҳои шиносномадиҳӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ҷаноби Абдулатифов гуфт, ояндаи наздик ҳукумати Русия қарореро содир хоҳад кард, ки масъалаи додани шиносномаҳои хориҷӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳалли худро ёбад ва ё ба гуфтаи сафири Русия, дар ҳоли кашол додани мӯҳлати шиносномадиҳӣ, тақозо хоҳад шуд, то шароити қаблӣ барқарор гардад.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG