Пайвандҳои дастрасӣ

Фатҳи Помир оғоз шуд


Беш аз яксаду панҷоҳ кӯҳнавард аз бисту ду кишвари ҷаҳон дар ҳайати экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ ба фатҳи баландтарин қуллаҳои Помир шурӯъ карданд. Наталя Дроздова, сухангӯи ширкати байналмилалии кӯҳнавардии «Алп-Машков» ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, нахустин бор аст, ки чунин теъдоди варзишгарон аз мамолики мухталифи дунё, аз ҷумла Фаронса, Амрико, Англия, Ҳоланд, Чехия, Русия, Украина, Қазоқистон, Узбакистон ва Тоҷикистон дар урдӯгоҳи аслии кӯҳнавардӣ - майдони яхистони Москвина, ки аз сатҳи баҳр дар баландии чаҳор ҳазору шашсад метр воқеъ аст, ҷамъ омадаанд ва дар талоши фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ (баландиаш 7495 метр) ва қуллаи Евгения Корженевская (баландиаш 7105 метр) мебошанд. Хонум Дроздова мегӯяд, вазъи кунунии обу ҳавои Помир имкон медиҳад, ки кӯҳнавардон тибқи нақша амал намуда кори худро 28 август ба анҷом расонанд. Бино ба иттилоъи Наталя Дроздова, ба тими мунтахаби Тоҷикистон кӯҳнаварди пуртаҷриба Шамсиддин Қаҳҳоров сарварӣ менамояд.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе.
XS
SM
MD
LG