Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гоми дигари Русия дар роҳи таъсиси пойгоҳи низомиаш дар Тоҷикистон


Хабаргузориҳои русӣ менависанд, ҳукумати Русия дар пайи тасвиби матни созишномаи таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, дар таърихи 16 октябри соли гузашта байни ду кишвар дар Душанбе имзо шуда буд, ин созишномаро барои тасвиб ба Думаи Давлатӣ, маҷлиси поёнии порлумони Русия ироа кардааст. Ба думболи Думаи Давлатӣ, қарор аст, ин созишнома барои тасвиби ниҳоӣ дар маърази баррасии Шурои Федеролӣ, маҷлиси болоии порлумони Русия гузошта шавад.

Вазири дифоъи Русия Сергей Иванов гуфтааст, пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дар заминаи лашкари 201 таъсис меёбад ва ба далели шинос будани ин ном ба пойгоҳи нави низомӣ ҳам номи рамзии 201 гузоштаанд. Оқои Иванов гуфтааст, таъсиси ин пойгоҳ ба манфиъати таъмин ва ҳифзи сулҳи нафақат Тоҷикистон, балки тамоми Осиёи Марказист.

Дар ҳоли ҳозир, дивизияи 201 артиши Русия , мустақар дар Тоҷикистон, аз 3 полки савораи тирандоз, ки мутаносибан дар Душанбеву Кӯлобу Қурғонтеппа мустақар шудаанд, 1 баталёни иктишофӣ ва чанд воҳиди дигари низомӣ иборат аст. Ҳамчунин дар таркиби ин дивизия як гурӯҳи ҷангандаҳо, иборат аз 5 ҳавопаймои навъи СУ-25, ва як дастаи чархболҳо, иборат аз 2 чархболи МИ-8 ва 2 чархболи МИ-24, шомиланд. Ҷангандаҳову чархболҳои русӣ дар ҳоли ҳозир дар фурӯдгоҳи Душанбе ҷойгир буда, дар назар аст, дар оянда ба фурӯдгоҳи Айнӣ, 15-километрии ғарби Душанбе мунтақил шаванд. Шумори сарбозони ин дивизияро мақомоти русӣ ҳудуди 6 000 нафар мегӯянд.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG