Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 8 сокини Ҳисор аз бемориҳои сироятӣ


Мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон хабарҳо дар бораи шуйӯъи бемории сироятии вабо ё худ холера дар навоҳии Ҳисору Рӯдакӣ, дар атрофи Душанберо радд кардаанд. Зиёвуддин Афғонов, сардухтури беҳдоштии Тоҷикистон гуфтааст, 50 нафаре, ки дар бемористони ноҳияи Ҳисор бистарӣ шудаанд, бовар меравад, гирифтори исҳол (дизентерея) шудаанд, на вабо. Оқои Афғонов гуфт, мақомоти вазорати ҳифзи сиҳҳат як ҳайъати дигарро барои таҳқиқи вазъ ба ноҳияи Рӯдакӣ (Ленини собиқ) эъзом кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадуллоҳ Ашӯров, сардухтури бемористони амрози сироятии ноҳияи Ҳисор ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, дар асари маризиҳои сироятӣ дар ин ноҳия 8 нафар, аз ҷумла 2 нафари бехонавудар вафот кардаанд. Оқои Ашӯров гуфтааст, дар ҳоли ҳозир дар бемористони ин ноҳия наздики 100 нафар бо гумони гирифторӣ ба бемории сироятии дарунрав (диарея) бистарӣ мебошанд. Сардухтури бемористони амрози сироятии ноҳияи Ҳисор муроот нашудани меъёрҳои беҳдоштӣ ва истифода аз оби олударо иллати аслии шуйӯъи ин беморӣ дар ноҳияи Ҳисор номидааст.

Мақомоти тиббии вилояти Хатлон низ аз бистарӣ шудани 21 нафар дар ноҳияи Бохтар ва 24 каси дигар дар ноҳияи Панҷ бо гумони печидан ба амрози сироятӣ хабар додаанд. Мақомоти ин вилоят тановули тарбузу харбузаи олуда бо дорувори кимиёӣ ва оби ноҷӯшидаро аз илали шуйӯъи бемориҳое ба мисли дарунрав дар ин ду ноҳия ном бурда, аммо гуфтаанд, шуйӯъи чунин бемориҳо дар ҷануби Тоҷикистон дар фасли гармо як амри муқаррарист.
XS
SM
MD
LG