Пайвандҳои дастрасӣ

Як рӯзи табобати дизентерия - сад сомонӣ


Вазорати тандурустии Тоҷикистон бар асоси барномаи "Табобати бокафолати пулакӣ", сар аз якуми августи соли равон дар дармонгоҳҳо ва беморхонаҳо фаъолияти худро ба роҳ монд. Тибқи қарори вазорати беҳдошт, мебоист, рӯзи якуми август дар даромадгоҳҳои дармонгоҳҳо нархномаи бемориҳо овехта мешуд, аммо замони боздиди мо аз чанд дармонгоҳ, ин нархномаҳо набуданд. Ҳикматулло Шаҳтобов, сардухтури бемориҳои сироятии кӯдаконаи пойтахт дар робита ба ин гуфт:
"Нархнома тайёр аст, ҳамин ҳоло ман аз ҳукумати шаҳр омадам, танҳо мӯҳр мондааст ногузошта ва ҳамин рӯз онро меовезем."

Ҷаноби Шаҳтобов зимни номбар кардани нархи чанде аз хидматрасониҳо гуфт, тибқи қарори вазорати тандурустӣ, дар дармонгоҳи мазкур, кӯдакони то сесола ройгон табобат мешаванд. Ҳикматулло Шаҳтобов.

"Як рӯзи табобати бемории шадиди исҳоли хунин ё дизентерия сад сомонӣ мебошад. Домана агар сабук бошад сӣ сомонӣ ва агар вазнин бошад беш аз сад сомонӣ мешавад."

Аммо, сардухтури беморхонаи ёрии таъҷилии пойтахт Бобоқул Мӯъминов мегӯяд, ҳарчанд хидматрасонии ин беморхона ба мардум ройгон ва аз ҳисоби буҷаи давлат ба роҳ монда шудааст, аммо дар ин ҷо ҳам нархномаи табобати бемориҳо ва номгӯи ҷарроҳиҳо омода гаштааст, вале ҳанӯз аз ҷониби ниҳодҳои масъул тасдиқ нашудааст.

"Дар ҳуҷҷати дармонгоҳи мо, ки таъҷилӣ аст, омадааст, ки барои беморони бисёр вазнин табобат ва ҷарроҳӣ бепул аст, аммо барои баъзе ҷарроҳиҳо мо нархнома омода кардаем, вале ман ҳоло онҳоро ба шумо гуфта наметавонам, зеро аз ҷониби ниҳодҳои масъул тасдиқ нашудааст. Аммо мошини ёрии таъҷилӣ ба мардум ройгон хидмат мекунад, танҳо маблағи сӯзишвориро мардум мепардозаду бас, барои дору пул бояд надиҳанд."

Дар ҳамин ҳол, Абумуслим Темуров, муовини аввали вазири беҳдошти Тоҷикистон, дар робита ба ин мавзӯъ дар як нишасти хабарӣ гуфт, татбиқи барномаи табобати бокафолати пулакӣ дар кишвар, метавонад, дар роҳи аз миён бурдани ришват ва фасод дар беморхона ва дармонгоҳҳо мусоидат кунад.

"Ин барнома як такони ҷиддӣ ва хубе мешавад, барои соҳаи тандурурстии кишвар."

Аммо бахши аъзами сокинони ҷумҳурӣ, ки камбизоат мебошанд ва ба ивази корашон маоши нокифоя мегиранд, нисбати нархномаи табобат изҳори нигаронӣ карданд.

"Албатта, сад сомонӣ бисёр қиммат аст, оилаҳои камбизоат наметавонанд онро пардохт кунанд. Ман мехостам. ки барои оилаҳои камбизоат ва маъюбон каме гузашт кунанд, арзонтар кунанд табобатро."

Тибқи нархномаи мушаххаснамудаи вазорати беҳдошти Тоҷикистон, як рӯзи табобати бемории исҳоли хунин ё дизентерия дар шӯъбаи эҳёгарии дармонгоҳи бемориҳои сироятии бачагона, сад сомонӣ, дарунравии шадид ё диарея чил сомонӣ, домана аз шаст то сад сомонӣ, зардпарвин аз ҳашт сомонӣ то яксаду навад сомонӣ ва варами илтиҳоби майнаи сар 234 сомонӣ арзиш дорад. Ва аммо барои оилаҳои фақир ва ниёзманд, ширкатдорони ҷанг ва маъюбон хидматрасонии тиббӣ ройгон боқӣ хоҳад монд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG