Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътилофи нави журналистони тоҷик


Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки бо ҳар роҳе мақомоти давлатӣ ба матбуот фишор овардааст ва ин боиси аз чоп мондани як қатор нашрияҳои мустақил ба монанди «Нерӯи Сухан», «Рӯзи нав», «Адолат», «Одаму Олам» шуд, ин рӯзноманигорон ва масъулини расонаҳои хабариро водор кард, ба хотири дифоъ аз ҳуқуқҳои худ як эътилофи расонаҳо зери унвони «Медиа-Алянс» созмон диҳанд. Гузашта аз ин, ахиран, Энн Купер - мудири иҷроияи кумитаи байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон, марказаш дар Ню-Йорк, аз зиндонӣ шудани хабарнигори тоҷик Ҷумъабой Толибов изҳори нигаронӣ кардааст. Хонум Энн Купер гуфтааст, Ҷумъабой Толибов, бидуни бозрасии муносиб се моҳ дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ шуда буд. Намояндаи Иёлоти Мутаҳидаи Амрико дар Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо, Пол Ҷонс, қарори мақомоти ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди дубора аз нашр боздоштани «Нерӯи Сухан»-ро нигаронкунанда ва таассуфангез хонд.

Бо ин ҳол, Зафар Абдуллоев, раиси оҷонсии иттилоотии «Авасто», яке аз муассисони созмони «Медиа-Алянс» мегӯяд, азбаски ҳарфу навиштаҳои журналистон роҷеъ ба ноадолатиҳо дар ҷомеа ба гӯши мақомот намерасад, гурӯҳи рӯзноманигорони ҳамақида зери як бол муттаҳид шуда, барои рушди ҷомеаи мардумсолорӣ ва чандандешӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон талош хоҳанд варзид.

"Ману ҳамкорони маро хуш намеомад, ки дар нисбати ақидаҳои мо чи гуна муносибат мекунанд ва ҳатто аз он сарфи назар менамоянд. Аз ин рӯ, андешае ба миён омад, ки бояд бо журналистони ҳамақида эътилофе барпо кард, то садои мо баландтар ба гӯшҳо расад."

Дар ҳамин ҳол, Зебо Тоҷибоева, дабири кулли Созмони эътилофи расонаҳои хабарии Тоҷикистон мегӯяд, ӯ дар ин мақом барои як сол интихоб шудааст ва аввалин коре, ки бояд анҷом диҳад, дар камтарин фурсат оинномаи созмони «Медиа-Алянс»-ро дар вазорати адлияи кишвар сабти ном кунад. Аммо хонум Тоҷибоева мутмаин аст, ки бо вуҷуди садгузориҳои маснӯъӣ дар роҳи бақайдгирии расонаҳо ва созмонҳои журналистӣ дар Тоҷикистон, барномаи «Медиа-Алянс» тайи як моҳи оянда сабти ном хоҳад шуд.

Ва аммо Сангин Гулов, сарвари иҷроияи маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, яке аз дигар созмондиҳандагони «Медиа-Алянс» мегӯяд, давоми се моҳи оянда рӯзноманигорон ва ташкилоти журналистӣ метавонанд, шомили «Медиа-Алянс» шаванд:.

"Созмонҳои журналистии Тоҷикистон аз таъсиси «Медиа-Алянс» бояд изҳори қаноатмандӣ кунанд. Мутаассифона, имрӯз мо мебинем, ки фаъолияти на ҳамаи созмонҳои журналистии Тоҷикистон ба таври бояду шояд ба роҳ монда шудааст, аз ҷумла, ман метавонам дар ин робита аз мавқеи иттиҳоди журналистони Тоҷикистон интиқод кунам, ки имрӯз ин созмон ба таври воқеӣ гӯё фаъолият надорад ва журналистони тоҷик имрӯз дар ҳақиқат эҳтиёҷ доранд ба як созмоне, ки онҳоро аз ҳама ҷиҳат муттаҳид кунад. Он фазо ва нуфузе, ки иттиҳоди журналистони Тоҷикистон дар замони Шӯравии собиқ дошт, имрӯз ба он дараҷа фаъолият надорад ин созмон, ки бисёр таассуфангез аст."

Дар ҳамин ҳол, Мирзоҳаёт Давлатов, раиси иттиҳоди журналистони Тоҷикистон аз таъсиси чунин як созмони нави рӯзноманигорон истиқбол кард ва афзуд, бояд тамоми созмонҳои журналистии кишвар ҷиҳати густариши фаъолияти хабарнигорон ва дифоъ аз ҳуқуқи онҳо муттаҳид шаванд. Ҷаноби Давлатов гуфт, созмони вай омода аст, шомили эътилофи расонаҳои хабарии мавсум ба «Медиа-Алянс» гардад.

"Чаро не?! Як ангушт қудрате надорад, аммо панҷ панҷа, ки як мушт шуд, қувват пайдо мекунад. Мо бояд ҷомеаро обод кунем. Як мушт бошем, хуб аст."

Аммо Нуриддин Қаршибоев, раиси анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ мавқеи созмони худро дар баробари таъсиси «Медиа-Алянс» чунин баён дошт.

"Агар онҳо ба нишони эътироз ба фаъолияти НАНСМИТ созмон ташкил кунанд, мо албатта ба ин созмон шомил нахоҳем шуд. Ворид намешавем, агар ки онҳо барномаи моро дастгирӣ накунанду хоҳанд, ки як созмони дигар дошта бошанд, ихтиёрашон, метавонанд созмони худашонро ташкил диҳанд."

Дар ҳоли ҳозир, созмони «Медиа-Алянс» 34 узв дошта, ҳар як узви эътилоф солона бояд 24 сомонӣ пардохт намояд.
XS
SM
MD
LG