Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози имтиҳоноти қабул ба макотиби олӣ


Даври имтиҳоти қабул ба макотиби таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон аз рӯзи якуми август оғоз шуд. Имтиҳоноти қабули донишҷӯён то рӯзи 20 август идома хоҳад дошт. Ба гуфтаи масъулини комиссияҳои қабули донишгоҳҳо теъдоди довталабони ворид шудан ба донишгоҳ назар ба солиёни пешин афзоиш доштааст. Тибқи маъмул, бештарин теъдоди довталабон дар факултаи ҳуқуқи донишгоҳи миллӣ, ба дунболи он дар риштаи иқтисод ва ҳисобдорӣ, баъд дар ҳам шӯъбаи муносиботи байналмилал ва забонҳои хориҷӣ сабти ном шудаанд. Бо ташаббуси вазири нави маорифи Тоҷикистон дар соли равон бар изофаи тест довталабони тамоми риштаҳо бояд иншо ё диктант низ бинависанд. Аммо дар донишгоҳи омузгорӣ дубора усули анъанавии супурдани имтиҳони қабул, яъне навиштани иншо, имтиҳони шифоҳӣ аз таърих ва адабиёт ва ихтисос ҷорӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки аз соли 1996 то кунун ҳамаи донишгоҳҳо аз усули тест истифода мекарданд. Ҳабиб Мирзоев, дабири масъули комиссияи қабули донишгоҳи омӯзгорӣ дар ин замина мегӯяд:

«Бартарӣ дар он аст, ки устод шогирди зиндаро мебинад. Мутаассифона, дар мо тест ҳоло система нест. Он тесте, ки мо ҳоло мегирем, ба ном тест аст. Қолаби тестро дораду вале на он тестест, ки дар ҷаҳони муосир қабул шудааст.»

Ба бовари ҷаноби Мирзоев, ҷорӣ шудани усули анъанавии имтиҳонсупорӣ инчунин метавонад аз эҳтимоли ришваситонӣ ҷилавгирӣ кунад. Зеро дар ин маврид доваталаб рӯбарӯ бо устод сӯҳбат мекунад ва метавонад, ҳаққи худро талаб намояд. Аммо, мегӯяд ҷаноби Мирзоев, дарвоқеъ, теъдоди довталабони факултаҳои табиӣ ё илмҳои дақиқ кам мебошад. Агар барои 25 ҷой дар бахши забони англисӣ агар шаст ё ҳафтод нафар довталаб шуда бошад, дар бахши илмҳои дақиқ барои 25 ҷой 25 нафар ё камтар аз он доваталабон сабти ном шудаанд. Камтарин теъдоди довталабон дар шӯъбаи алегофренпедагогика ё муаллими кӯдакони маъюб сабти ном шудаанд.
XS
SM
MD
LG