Пайвандҳои дастрасӣ

CSKA -барандаи Ҷоми Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон


Тими CSKA-и Душанбе барандаи Ҷоми Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон байни дастаҳои мардона гардид. Бино ба иттилоъи Раҳмоналӣ Шарифов, раиси федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон тими бошгоҳи марказии варзишии низомиёни вазорати дифои ин кишвар дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба чавгонбозӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, дар ҳар се дидор ҳарифони худро шикаст дода бо нӯҳ имтиёз мақоми аввалро касб кард.
ФУТБОЛ:Тимҳои футболи лигаи олӣ баъди таътил ба марҳилаи омодагӣ ба давраи дуввуми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон шурӯъ карданд. Шӯҳрат Аъзамов, мураббии тими «Регар-ТадАЗ» -и Турсунзода дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар мусобиқаи имсола рақобат байни тимҳо хеле пуршиддат гаштааст ва ҳар даста мекӯшад, ки дар дидори худ бо қаҳрамони футболи кишвар бо тамоми қуввааш бозӣ карда, муқобилияти сахт нишон бидиҳад. Давраи дуввуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ 10 сентябр оғоз меёбад.То ин давра «Регар-ТадАЗ» дар мусобиқа ба ифтихори ҷашни истиқлоли Тоҷикистон, ки аз 20 то 28 август дар вилояти Суғд бо ширкати даҳ дастаи лигаи олӣ, тими мунтахаби ҷавонони ин кишвар ва дастаи «Рахш»-и Хуҷанд баргузор мешавад, ширкат меварзад. Баъдан, «Регар-ТадАЗ» дар ду бозии нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дар рӯзҳои сеюм ва ҳафтуми сентябр бо «Хуҷанд»-и Хуҷанд рақобат хоҳад кард.
Ду бозии даври навбатии мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни тимҳои лигаи аввал баргузор шуд. «Меҳнат»-и Колхозобод дар майдони худ бар «Ҳулбук»-и Восеъ бо натиҷаи нӯҳ бар як ва «Динамо»-и Душанбе бар дастаи меҳмон - «Ваҳдат»-и Ваҳдат бо натиҷаи чаҳор бар ду ғалаба карданд.
Назруллоҳи Латиф, Душанбе.
XS
SM
MD
LG