Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин маҷаллаи мусиқӣ дар Тоҷикистон: Хонед, гӯш кунед ва тамошо ҳам намоед


Барои аввалин бор дар Тоҷикистон маҷаллаи вижаи мусиқӣ мавсум ба «Дафина» рӯи даст омад, ки аз навгониҳои мусиқии Тоҷикистон ба ду забон - тоҷикӣ ва русӣ иттилоъ медиҳад. Фирӯз Ҳакимов, муассиси ин маҷалла мегӯяд, ҳар моҳ ба сифати замима компакт-диск бо сабти навори сӯҳбатҳо ва дигар матолибе, ки дар маҷалла ба табъ мерасад, ба фурӯш бароварда мешавад, ки ҳамин тариқ муштариён имкон пайдо мекунанд «Дафина»-ро ҳам бихонанд ва низ шунаванду бубинанд. Вай афзуд, ҳадаф аз таъсиси ин маҷалла ташвиқи ситораҳои ҷадиди санъати Тоҷикистон ва тарғиби мусиқии асили миллию эстрадии тоҷик аст.

"Мо азм надорем, ки ба матбуоти ба истилоҳ «зард» табдил ёбем, яъне ба зиндагии шахсии ягон ситораи санъат дахолат карданӣ нестем. Ҳадафи маҷаллаи мо таҳлили эстрадаи имрӯзи Тоҷикистон, аст ва мехоҳем дар муаррифии истеъдодҳои ҷавони кишвар мусоидат намоем. Ҳамзамон матолиби маҷаллаи «Дафина» ояндаи наздик тариқи сойти интернетӣ низ қобили дарёфт хоҳанд буд."

Ҳамчунин, аз Фирӯз Ҳакимов, муассиси аввалин маҷаллаи вижаи мусиқии «Дафина» дар Тоҷикистон мепурсам, дар ҳоле ки имрӯз ноширони нашрияҳо дар сабтиноми расонаҳои худ мувоҷеҳ ба мушкилоти зиёд мешаванд, шумо чи гуна тавонистед маҷаллаи худро сабтином кунед? Вай гуфт.

"Моро дар вазороти фарҳангу адлия дуруст фаҳмиданд. Гап дар он аст, ки маҷаллаи мо ба ҳаёти сиёсии Тоҷикистон ҳеҷ таъсир намегузорад ва мо масоили демократикунонии кишварро баррасӣ нахоҳем кард. Ман ин нуктаро зиёд ба масъулин исбот мекардам, ки мо ба сиёсат ягон рабт надорем. Мо танҳо маҷаллаи мусиқию иттилоотӣ интишор доданием ва аз ин рӯ ҳарчанд душвор буд, вале мо танҳо баъди тағйир додани баъзе нуктаҳои оинномаи маҷаллаи худ барои чопи он иҷозатнома дарёфт кардем."

Нашри аввали маҷаллаи «Дафина» дар ҳаҷми шонздаҳ саҳифа ва ба теъдоди 999 нусха ба чоп расида, фарогири навидҳо дар риштаи мусиқии ватанию хориҷист. Фирӯз Ҳакимов мегӯяд, ояндаи наздик дар назар аст, маҷаллаи мазкур ба чор забон, аз ҷумла инглисӣ интишор ёфта, дар тамоми қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон, Покистон ва Чин паҳн гардад.
XS
SM
MD
LG