Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти се ноболиғ бо иттиҳоми куштори ваҳшиёна


Додситонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе се шаҳрванди ноболиғро бо ҷурми куштор дастгир кардааст. Хосият Дадаҷонова, корманди дафтари матбуотии додситонии кулли Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, ахиран, аз бағоҷи як сабукраве, ки ба оташ кашида шудааст, ҷасади сокини пойтахт - Сафарбек Зоирови 29-сола бо ҷароҳатҳои корд дар қафаси синааш дарёфт гардидааст. Ба қавли хонум Дадаҷонова, шахси мақтул соҳиби ин сабукрав ва ронандаи таксӣ будааст, ки ҷинояткорони наврас бо мақсади рабудан онро киро кардаанд ва Зоировро ба қатл расониданд. Аз рӯйи далели мазкур, алайҳи ин наврасон бо иттиҳоми қатли ваҳшиёнаи инсон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва имкон дорад, онҳо аз понздаҳ то бист сол аз озодӣ маҳрум шаванд.
Ҳамзамон, ин ҳодисаи 81-уми қатли инсон дар соли равон дар Тоҷикистон аст, ки аз ҷониби додситонии кулли кишвар ба қайд гирифта шудааст. Аммо Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, ин нишондиҳанда назар ба соли гузашта камтар шудааст:
"Имсол ҷиноятҳо дар бораи одамкушӣ кам шудааст. Албатта вазнинтарин ҷиноят одамкушӣ аст ва дар ин робита ман рақамашро гуфтанӣ ҳастам, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 81 ҳолати одамкушӣ ба қайд гирифта шудааст, дар ҳамин давраи соли 2004, 98 ҷинояти одамкушӣ ба қайд гирифта шуда буд. Албатта то вақте ки ҳатто як одам кушта мешавад, ин ҷинояти бисёр ваҳшатангез аст."
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG