Пайвандҳои дастрасӣ

Пулакӣ шудани табобат дар Тоҷикистон


Тибқи иттилоъи вазорати тандурустии Тоҷикистон сар аз якуми август дар беморхонаҳо ва дармонгоҳҳои кишвар табобати пулакӣ ҷорӣ мегардад. Ҳамин манбаъ мегӯяд, ин оғози барномаи «Хидматрасонии бокафолати беҳдоштӣ» дар Тоҷикистон аст ва шурӯъ аз имрӯз дар даромадгоҳи ҳамаи дармонгоҳҳо бояд нархномаи хидматрасониҳои тиббӣ нишон дода шавад. Барномаи «Хидматрасонии бокафолати беҳдоштӣ» аз тобистони соли гузашта дар ду ноҳияи Варзоб ва Данғара ба тариқи санҷишӣ ба роҳ монда шуда буд ва ҳамакнун, бо дилхоҳ арзёбӣ шудани натоиҷи он аз ҷониби вазорати беҳдошти Тоҷикистон ин барнома дар саросари кишвар пиёда мегардад. Ва аммо барои оилаҳои фақир ва ниёзманд, ширкатдорони ҷанг ва маъюбон хидматрасонии тиббӣ ройгон боқӣ хоҳад монд. Машварати пизишк низ ройгон аст ва мариз мувофиқи роҳнамоии табиб аз муоина мегузарад ва ба табобат фаро гирифта мешавад. Дар ҳар беморхона нархнома бояд овезон бошад ва мариз маблағи муоина ва табобатро дар кассаи беморхона мепардозад.
Ва аммо дар мавриди тартиби нархгузорӣ ба номгӯи хидматрасониҳои тиббӣ, вазорати беҳдошти Тоҷикистон гуфтааст, нархномаи хидматрасонӣ дар маҳалҳо таҳия мегардад ва ба вазорати беҳдошт барои тасдиқ пешниҳод мешавад. Нархи ягонаи меъёрӣ дар саросари кишвар ба таври умумӣ буда наметавонад, зеро нархи доруву дармон дар маҳалоти гуногун якхел нест. Барои мисол, дар маризхонаи амрози сироятии атфоли Душанбе, як рӯзи табобати маризии дезинтерия дар шӯъбаи эҳёгарӣ сад сомонӣ, диарея, чил сомонӣ, домана аз шасту се то сад сомонӣ, зардпарвин аз ҳашт то тақрибан дусад сомонӣ, варами илтиҳоби майна дусаду сиву чор сомонӣ арзиш доштааст.
XS
SM
MD
LG