Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти подшоҳи Арабистони Саудӣ


Подшоҳи Арабистони Саудӣ Фаҳд бин Абдулазиз баъди бемории тӯлонӣ аз ҷаҳон даргузашт. Матбуоти расмии Саудия хабари марги ӯро рӯзи душанбе, 1 август нашр карданд. Шоҳ Фаҳд, ки 80 сол дошт, аз моҳи май ба ин сӯ ба иллати маризии роҳҳои нафасгирӣ дар бемористон ба сар мебурд. Дар ҳоли ҳозир иллати марги ӯ аммо гуфта нашудааст. Телевизиони давлатии Арабистони Саудӣ пахши барномаҳои муқаррариашро имрӯз қатъ карда, ва ба пахши қироати ояҳои Қуръон пардохтааст.

Фаҳд аз соли 1982 подшоҳи Саудӣ буд, аммо аз соли 1995, аз замони фалаҷ шуданаш зимоми раҳбарии давлати Саудиро ҳарчӣ бештар бародари дуввуми Фаҳд валиаҳд Абдуллоҳ ба ихтиёри худ мегирифт. Акнун султон Абдуллоҳ бин Абдулазиз подшоҳи нави Саудия эълон шуда, вазири дифоъи кишвар шоҳзода Султон ба мақоми валиаҳд расидааст. Аммо хабари фавти шоҳ Фаҳд билофосила мунҷар ба 50 сенти дигар афзудани нархи як бушкаи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ шудааст. Арабистони Саудӣ, қарори маълум, бузургтарин тавлидкунанда ва фурӯшандаи нафти дунё ҳисоб мешавад.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG