Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳар рӯз дар Русия як тоҷик мефавтад


Дар 6 моҳи соли равон 155 ҷасади муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон оварда шудааст, ки беш аз 90 нафари онҳо ҷавонони аз 13 то 35 сола мебошад. Шӯҳрат Наимов - нозири шӯъбаи тартиботи ҷамъиятии раёсати корҳои дохилии нақлиёти вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ гуфт, бахши аъзами фавтидагон сокинони вилояти Хатлон ва навоҳии атрофи пойтахт будаанд:

«Аз инҳо 21 нафар кушта шудаанд, 13 нафар дар садамаҳои автомобилӣ, 34 нафар ҳангоми ҳодисаҳои тасодуфӣ ва 2 нафар бо сабабҳои номаълум ҳалок гаштаанд.»

Шӯҳрат Наимов - корманди раёсати корҳои дохилии нақлиёт афзуд, сабаби марги 83 нафари муҳоҷирон бемориҳои сироятӣ ва бардоштани ҷароҳатҳои вазнин дар сохтмонҳо будааст:

«Ҷумҳурии мо, ки офтобӣ аст ва шояд дар онҷо шароити хуб надоранд, ки аксаран ба маризиҳои марбут ба сармо гирифтор мешаванд. Бисёртар ба бемории сил мубтало мешаванд. Дар сохтмон, ки кор мекунанд, дар сару дасту пояшон ҷароҳатҳои вазнин мебардоранд. Гурӯҳи дигари онҳо, ки ба буридани дарахтҳо машғуланд, зери кундаҳои вазнин мемонанд.»

Ба гуфтаи Шӯҳрат Наимов, ҷасадҳо дар тобутҳои махсус бо тариқи қатора ва ҳавопаймо оварда мешаванд. Қиммати чунин тобутҳо гарон буда танҳо ба онҳое насиб мешудааст, ки хешу табор ва ё муҳоҷирони дигар нисбаташон хайрхоҳӣ кунанд. Вагарна ҷасадҳои дигар дар қабристонҳои дастаҷамъии Русия ба хок супурда мешудаанд:

«Дар онҷо тобут хеле қимат аст, тобути арзонтарин 1500 доллар арзиш дорад.»

Ғолибан ҷавонмардон ба хотири раҳоӣ аз камбизоатӣ, таъмини хонавода ва билохира барои барпо намудани тӯйи арӯсӣ ё хатнатӯйи фарзандон, қасди муҳоҷират мекунанд:

«Москва меравам, ҳатто нишониро намедонам, худо худаш медонад, ки бо ман чӣ мешавад. Ман 24 сол дорам, охир бояд ойиладор шавам.»

Аммо ба баъзеи онҳо умр вафо намекунад ва орзуҳои худу наздиконашонро ба бод медиҳанд. Аммазодаи Ҳусноро, ки 32 сол доштааст, 2 ҳафта қабл дар Русия ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида шудааст:

«Ба умед Русия мераванд, аз онҷо мурдаашонро меоранд. Боз рӯзи дигар ҳамсояи моро оварданд, аз ӯ 4 фарзанд ятим монд. Охир ҳамин бачаҳои мо дар ҳамин Душанбе кор кунанд, ин қадр дар шаҳри мардум, хору зор намешаванд.»
Маҳина мегӯяд, бародарзодаи 24-солааш бо мақсади ойиладор шудан ба Русия рафт ва дар тӯли 5 моҳ танҳо 150 доллари амрикойӣ равон намуд ва баъди чанд рӯз, ҷасади сӯхта шудаашро фиристодаанд:

«Дар сохтмон кор мекард, ҷасади ӯро сӯзонда оварданд. Ҳатто шинохта намешуд. Фарзанди бузурги хона буд, падараш ҳоло аз ғам фалаҷ шудааст.»
Давлатбек Худоёрова модарест, ки 3 фарзандашро танҳо ба воя расонида, аз ягона писараш умедҳои зиёд доштааст. Ӯ ба ёд меорад, ки фарзандаш чӣ гуна барояш ғамхор буд:

«Ӯ гуфт, ки ман Русия меравам ва барои очам ёрдам мекунам. Ман бо телефон бо ӯ суҳбат кардам, гуфт ман бароят пул равон кардам, онро барои рӯзгори хона сарф накарда, барои худат либос бихар ва ҳамеша зебо бигард.»

Писари ин зан ваъда додаст, ки дар арафаи соли нав ба ватан бармегардад, аммо барои модари чашм ба роҳ ҷасади фарзандашро овардаанд:
"Орзу доштам, ки бачам биёяд, мактаб хонад, рӯзша бинад, аммо ба мақсадам нарасидам.....(гиря мекунад) Дар ҳамон Москав ҳам буд, ки мегуфтам, писар дорам, ҳоло дилам холӣ аст. танҳоям...."

Яксаду панҷоҳу панҷ ҷасад ин танҳо ҷамъбасти нимсолаи соли 2005 аст. Аммо ба қавли сокинони Душанбе, ки аз марги наздиконашон хабар медиҳанд дар ин байн, боз чанд ҷасади дигар ба Душанбе оварда шудааст.
XS
SM
MD
LG