Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳимояти журналистони тоҷик аз ҳамкасби маҳкумшудаи худ


Созмонҳои журналистии Тоҷикистон ҳукми додгоҳи вилояти Суғдро, ки рӯзноманигор Ҷумъабой Толибовро барои ду сол аз озодӣ маҳрум кард, ғайримунсифона ва ноодилона хондаанд. Қироншоҳи Шарифзода, раиси созмони журналистони Тоҷикистон мавсум ба «Ҳамкории иҷтимоӣ» мегӯяд, аз тариқи додгоҳ баррасӣ шудани қазияи рӯзноманигор дар Тоҷикистон ва на аз тариқи хушунату зӯроварӣ падидаи муносиб аст. Аммо ҷаноби Шарифзода нигарон аст, ки чунин қазия имкон дорад, бо хабарнигорони дигар низ пеш ояд:

"Ман метарсам аз он ки минбаъд бо дигар журналистон дар сатҳҳои гуногун чунин қазия рӯй надиҳад. Яъне, мақомоти прокуратура ё мақомоти ҳукумати иҷроия минбаъд журналистонро дар заминаи он ки онҳо ҳарчи камтар ба фаъолияти ин мақомот дахолат кунанд, метавонанд, бо ин гӯё ки тарс дода бошанд. Ин падида падидаи нохуш аст ва боиси ташвишу нигаронӣ аст."

Ба эътиқоди Мухтор Боқизода, раиси Бунёди гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорони Тоҷикистон, ба ҳабс кашида шудани Ҷумъабой Толибов танҳо ангезаи сиёсӣ дорад. Вай мегӯяд, зиндонӣ шудани Ҷумъабой Толибов, баста шудани чопхонаи «Кайҳон» ва боздоштани нашри ҳафтавори сиёсии «Нерӯи Сухан» - ин ҳама иқдомоти ҳукумати вақт дар пешорӯи интихоботи қарибулвуқӯи раисҷумҳури Тоҷикистон мебошад.

"Ин рӯйдодҳо ҳама силсилаҳои як занҷиранд. Агар хуб дида дӯзем, бисёр моҳирона тарҳрезиву аз рӯйи як нақшаи муайян амалӣ шуда истодаанд ва гумон мекунам, ки ин шояд парвандаҳои аввалину охирин алайҳи журналистон набошад ва шояд боз парвандаҳои дигаре алайҳи онҳо боз шаванд. Мутмаинам, ки ин аз тарафи як идда мақомоти ҳуқуқӣ як тазъиқу фишор аст ба тамоми васоити ахбори омма. Ман фикр мекунам, ки ин як ҳушдор ба рӯзноманигорон аст, чун дар пеш интихоботи раиси ҷумҳур аст, мехоҳанд рӯзноманигоронро тарс диҳанд, то ки минбаъд овозашонро баланд карда натавонанд."

Ҳамзамон, Фаррухшо Ҷунайдов, ҳуқуқшиноси масоили расонаҳои хабарӣ мегӯяд, дар рӯзҳои аввали муҳокимаи додгоҳии Ҷумъабой Толибов ширкат варзидааст ва ҳамаи шоҳидон дар додгоҳ алайҳи Толибов баёнот додаанд. Вай афзуд, аммо далели авбошии рӯзноманигор Толибов собит нашудааст:
"Гумон мекунам, ки дар маҷмӯъ ҳукме, ки нисбати Ҷумъабой Толибов бароварда шудааст, ин ғайри объективона, беадолатона аст."

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон рӯзи ҷумъа бо пахши як изҳорот зиндонӣ шудани рӯзноманигор Ҷумъабой Толибовро маҳкум карда, гуфт, Толибов ҳамчун шаҳрванди ин кишвар аз ҳаққи озодии баён истифода бурдааст, ки ин боиси ҳабси ӯ шудааст. Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон:

"Мо медонистем, ки кор чунин сурат мегирад, зеро мақомоти прокуратура хеле иқдом карданд, ки Толибовро ба авбошӣ, сӯистифода аз мансаби хидматӣ муттаҳам кунанд, вале умед доштем, ки мақомоти судӣ мустақилияти худро ҳамчун як мақоми мустақил исбот мекунад, аммо мутаассифона кор чунин ранг нагирифт. Ба назари мо Ҷумъабой Толибов ҳамчун шаҳрванд ҳангоми истифода аз ҳуқуқ худ ба озодии сухан ҷабр дидааст."

Аммо созмонҳои журналистии Тоҷикистон изҳори умедворӣ мекунанд, ки шикояти Ҷумъабой Толибов ба додгоҳи олии кишвар дар мавриди баррасии дубораи парвандаи ӯ, одилона сурат гирифта, додгоҳи олӣ ҳукми додгоҳи Суғд дар нисбати рӯзноманигор Толибовро тағйир хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG