Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсири нохуби коҳиши нархи пахта ба Тоҷикистон


Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар шаш моҳи соли равон мизони таваррум дар кишвар чору аз даҳ як дарсад афзоиш ёфтааст. Муродалӣ Алимардонов, раиси Бонки Миллӣ гуфт, нишондиҳандаи шаш моҳи ахир дар заминаи таваррум дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2004 дар кишвар севу аз даҳ як дарсад боло рафтааст. Раиси Бонки Миллӣ сабаби беқурбшавии пули миллиро дар шаш моҳи охир ба баланд шудани нархи нафт, техника ва фаровардаҳои сохтмонӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва коҳиши қиммати пахта дар ин бозор донист.

Ҷаноби Алимардонов ҳамчунин иттилоъ дод, дар ним соли охир раванди воридот ба кишвар нисбат ба содироти он беш аз яксаду ҳафтоду ду миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст. Ӯ ин равандро падидаи номатлуб дар амри нигаҳдории қурби пули миллӣ ва тавсиаи бозори бонкии кишвар арзёбӣ намуд ва гуфт, чунин вазъ бинобар коҳиши нархи пахта ва афзоиши қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ пеш омадааст.

Дар нишасти хабарии Бонки Миллии Тоҷикистон зикр шуд, дар ним соли ахир бонкҳои ин кишвар маблағи 116 миллион сомонӣ ба унвони қарзҳои кӯчак дар ихтиёри корхонаҳои хусусӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ қарор додааст. Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон афзуд, дар ҳоли ҳозир, панҷ бонки кишвар фаъолияти худро умдатан рӯи ихтисоси қарзҳои кӯчак тамаркуз додаанд. Ба гуфтаи ӯ, ин ниҳод дар садади он аст, ки дар оянда барои дарёфти қарзҳои кӯчак имкони васеътар фароҳам оварад:

«Ҳозир мутаассифона, на ҳамаи хоҳишмандон метавонанд, аз бонкҳо қарзҳои кӯчак дарёфт намоянд. Дар ин ҷо мушкилии гарав вуҷуд дорад. Мо мекӯшем, бо мусоидати ҳукумат ба ин манзур ба Кодекси замин баъзе тағйирот ворид созем. Бар асоси ин тағйирот, мо мехоҳем, деҳқон ба ивази дар гарав мондани сертификати замин тавонад, аз бонкҳо қарзи кӯчак дарёфт намояд. Феълан, мутаассифона, сертификати замин чунин ҳақро ба хоҷагиҳои деҳқонӣ намедиҳад,»

Бар асоси бароварди Бонки Миллӣ, дар нимсоли охир ҳаҷми сармояи хориҷӣ дар бозори бонкии Тоҷикистон то ба 21% афзоиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки нишондиҳандаи мазкур дар соли гузашта ҳамагӣ сенздаҳ дарсадро ташкил медод.
XS
SM
MD
LG