Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мизони таваррум дар Тоҷикистон афзудааст


Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар шаш моҳи соли равон мизони таваррум дар кишвар чору аз даҳ як дарсад афзоиш ёфтааст. Муродалӣ Алимардонов, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон гуфт, нишондиҳандаи шаш моҳи ахир дар заминаи таваррум дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2004 дар кишвар севу аз даҳ як дарсад боло рафтааст.
Раиси бонки миллии Тоҷикистон далели афзоиши сатҳи таваррумро дар шаш моҳи охир ба баланд шудани нархи нафт, техника ва фаровардаҳои сохтмонӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва коҳиши қимати пахта дар ин бозор донист. Ҷаноби Алимардонов ҳамчунин иттилоъ дод, дар ним соли охир воридот ба кишвар нисбат ба содироти он беш аз яксаду ҳафтоду ду миллион сомонӣ бештар будааст. Ӯ ин равандро падидаи номатлуб дар амри нигаҳдории қурби пули миллӣ ва тавсиаи бозори бонкии кишвар арзёбӣ намуд ва гуфт, чунин вазъ бинобар коҳиши нархи пахта ва афзоиши қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ пеш омадааст.
Тафсилоти бештар аз нишасти хабарии бонки миллии Тоҷикистон дар гӯшаи гузоришҳо
XS
SM
MD
LG