Пайвандҳои дастрасӣ

Итминони хотири "Амонатбонк" ба мизоҷонаш


Сармояи "Амонатбонк"-и Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир, ёздаҳ миллион сомониро ташкил мекунад, ки он муодили сею ним миллион доллари амрикоӣ мебошад, гуфт Абдуқаҳҳор Қодиров, муовини раиси ин бонк. Ҷаноби Қодиров афзуд, солҳои ахир итминони сокинони кишвар ба бонкҳо афзудааст ва то имрӯз теъдоди мизоҷони бонки мазкур ба беш аз панҷ ҳазор расидааст. Вай мегӯяд, ин нисбати як соли қабл яку ним баробар зиёд мебошад. Гулнора Ҳасанова, муовини аввали раиси "Амонатбонк" мегӯяд, яке аз самтҳои аслии фаъолияти бонки мазкур, пардохти нафақаи шаҳрвандони кишвар будааст.
Хонум Ҳасанова дар бастагӣ ба ҷилавгирӣ аз камбудиҳо дар пардохти саривақтии нафақаи шаҳрвандон аз ҷониби масъулини "Амонатбонк" гуфт, "Мо як санҷиши саросарӣ дар кишвар бурда истодаем, то дар руйхати нафақагирон ягон камбудӣ набошад. Дар рафти санҷиш маълум шуд, ки дар баъзе ноҳияҳо номи одамон такрор шудааст, ё касони фавтида дар рӯйхатҳо чандин муддат нигоҳ дошта шудааст."
"Амонатбонк"-и Тоҷикистон тавассути панҷ бахши вилоятӣ, 69 бахши шаҳрӣ ва 498 оҷонсӣ ба аҳолии кишвар хидмат мерасонад. Мизоҷони "Амонатбонк" беш аз панҷ ҳазор ширкату корхонаҳои хусусиву буҷавӣ ва 114 000 фард будаанд. Ба маълумоти бонк, даромади софи он дар нимсолаи аввал 2200 сомониро ташкил додааст.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG